Хурданиҳои ёрирасон дар ҳазми ғизоро бишиносед
Хурдани десерт (хурдании пас аз ғизои аслӣ) пас аз ғизо дар сурате ки пуркалория бошад ҳатман муҷиби фарбеҳии афрод мешавад.
Десерти баъд аз ғизо ё ширинӣ ё мева ва ё меваҳое аст, ки дорои ферментхо (катализаторҳои биологии таркиби ҳуҷайраҳои зинда)и ҳазмкунандаи ғизо ҳастанд,аз ҷумла киви, ки дорои протеинҳо(сафедаҳо) аст, ки дар ҳазми протеин таъсири басазое дорад ва низ ананас, ки ба ҳазми ғизо кумак мекунад.
Дар сурате ки десерти пешниҳодшуда камкалория бошад боиси фарбеҳӣ намешавад, вале агар ки пуркалория бошад мисли шириниҷот ҳатман боиси фарбеҳи мешавад.
Ин бовар ки баъд аз ғизои аслӣ ва комил ниёз ба як моддаи ширин аст, чун беш аз андозаи кофӣ калория масраф мешавад, тасаввури комилан иштибоҳ аст.
Желатини мавҷуд дар жела танҳо дар ҷиҳати дармони дардҳои рагу пайвандҳо ва ҳаракати буғумҳо асарбахш аст,ки ин десертҳо усулан бидуни калория нестанд, вале ба далели қанди ками мавҷуд дар онҳо афроди диабетӣ низ метавонанд аз онҳо истифода кунанд.