Дардҳои дилро бо ин аломатҳо бишиносед
https://parstoday.ir/tg/radio/uncategorised-i25765-Дардҳои_дилро_бо_ин_аломатҳо_бишиносед
Дардҳои дил (қалб) маъмулан се вижагии мушаххас доранд ва бо муроҷиат ба пизишк ва анҷоми муоинаи тахассусӣ дарди қалбӣ аз ғайриқалбӣ ташхис дода мешавад.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Ноябр 23, 2017 08:34 Asia/Dushanbe
  • Дардҳои дилро бо ин аломатҳо бишиносед

Дардҳои дил (қалб) маъмулан се вижагии мушаххас доранд ва бо муроҷиат ба пизишк ва анҷоми муоинаи тахассусӣ дарди қалбӣ аз ғайриқалбӣ ташхис дода мешавад.

Дардҳои қалбӣ дардҳое ҳастанд, ки маъмулани се  вижагӣ доранд, ки шомили аломатҳои хос ҳастанд .

 1-Дарде, ки маҳалли он пушти қафаси сина бошад

 2- Дарде, ки бо фаъолият  бадтар шавад

3- Дарде ,ки бо истироҳат ва ё  истеъмоли доруи зеризабонӣ  беҳтар мешавад

 Беморие, ки ҳар се аз ин аломатҳоро бо ҳам дошта бошад, дарди қалбӣ аст ки бояд бо равиши  ангиографияи дили бемор мушоҳида шавад .

Баъзе аз беморон мумкин аст ду то аз ин аломатҳоро бо ҳам ва ё  яке аз ин  аломатҳоро ба танҳоӣ дошта бошанд, ин дардҳо мумкин аст моҳияти қалбӣ надошта бошанд, ки бо анҷоми равишҳои ғайритаҳоҷумӣ  масалан озмоиши варзишӣ, скани  қалб ва эхокардиография баррасӣ мешавад.

Баъзе бемороне ҳастанд,  ки як ва ё ҳеч кадом аз ин аломатҳоро надоранд, ки мумкин аст дардҳои ғайриқалбӣ бошанд ва иллати он коҳиши хунрасонӣ ба мушаки дил набошад .

Дардҳое дар қалб дорем, ки ба иллати надоштани эътидол ва миқдоре аз ҳаво аст, ки дил барои сухту соз ниёз дорад ва ҳар замон, ки ин эътидол барҳам бихурад  стенокардия  ба вуҷуд меояд, ки дарди қалбӣ эҷод мекунад .

 Бемориҳое низ вуҷуд доранд, ки дар қалб эҷоди дард мекунанд.Пизишкон дар ин бора мегуянд : Илтиҳоби парда дар қалб дар пушти қафаси сина эҳсос мешавад ва бо хобидан бадтар ва ба ҳангоми хам шудан ба пеш беҳтар мешавад, ки ин мушкил бо муоинаи пизишк мушаххас мешавад .