Ин ашхос набояд обгушт бихуранд
Пажуҳишҳо нишон медиҳанд ашхоси зиёде вуҷуд доранд, ки хурокҳои маҳаллӣ ва суннатӣ бо вуҷуди ҳама фоидаҳое, ки доранд гоҳе метавонанд барои онҳо зарарнок бошанд.
Шурбо ё обгушт яке аз ин хурокҳо аст.
Равғани мавҷуд дар шурбо ё обгушт барои солмандон метавонад дарди сар соз шавад.Аз ин ру беҳтар аст солмандон аз хурдани беравияи ин навъ ғизоҳо, ки илова бар боло бурдани сатҳи холестрини хун боиси афзоиши фишори хун ва дамиш мешаванд парҳез кунанд.
Баррасиҳо нишон медиҳанд солмандон ва гуруҳҳои синнии аз 65 сол ба боло аъзои ҳозимаи заифтар нисбат ба қабл доранд ва беҳтар аст аз маводи ғизоии вазнин монанди шурбо камтар истеъмол кунанд.
Натиҷаи мутолеот нишон медиҳанд, чарбии мавҷуд дар маводи ғизоӣ бо афзоиши син зудтар ҷазби бадан мешавад.Аз ин ру солмандон беҳтар аст аз камтарин миқдори чарбӣ ё равғани гушт барои омодасозии маводи ғизоӣ истифода кунанд ва ғаллот(лубиё , нухуд ва ғайра. ..) –ро соатҳо пеш аз пухтани шурбо дар об тар кунанд.