Ноябр 28, 2017 10:50 Asia/Dushanbe
  • Доруи зидди сурфа барои кудакон мамнуъ!

Бисёре аз волидайн кудаконро бо бурдан ба назди пизишкон аз гирифтор шудани онҳо ба шамолхурдагии пайдарпай гила ва шикоят мекунанд ва ҳамвора ба дунболи роҳи ҳал ҳастанд.

Истеъмоли доруҳои таскинбахш ва шарбати зидди сурфа ва шарбати дард барои кудакони зери 2 сол мамнуъ аст ва барои коҳиши шамолхурдагии онҳо бояд аз бухор(буғ) истифода кард.

Баррасиҳо нишон медиҳанд худдармонии волидайн дар ин фасл гоҳе боис мешавад онҳо дараҷаи таб ва ё асари бемориҳои кудаконро коҳиш диҳанд, аммо паёмадҳои истеъмоли ин доруҳо ба қадре хатарнок аст, ки муқовимати бадании онҳоро коҳиш медиҳад.

Натиҷаҳои мутолеъот нишон медиҳанд танзими дараҷаи ҳарорати хона, хурдани кабудиҳову мева ва нушиданиҳои фаровон (оби мева,  суп ва нушиданиҳои гарм) системаи эминии бадани кудаконро тақвият мекунад ва аз бурузи шамолхурдагӣ ва зукоми роиҷ дар кудакон пешгирӣ  мекунад.

Банобар ин барои афзоиши тандурустии бадани кудакони худ аз дармонҳои худсарона пешгирӣ кунед ва истеъмоли доруҳои таскинбахш ва шарбатҳоро канор бигзоред.

Барчасп