Ғизоҳои консервшударо нахуред
Имруз бештари ашхос ба далели машғалаи зиёди корӣ, аз ғизоҳои консервшуда истифода мекунанд ва истеъмоли ин навъи ғизоҳо бисёр ривоҷ пайдо кардааст, аммо беҳтар аст аз зарарҳои ин навъ аз ғизоҳо низ огоҳ бошем.
Истеъмоли беш аз ҳадди ғизоҳои консервшуда ба далели инки дар онҳо аз маводи нигаҳдоранда, таъмдиҳандаҳои маснуъӣ ва рангҳо истифода мешавад, бо гузашти замон мушкилоти бисёреро эҷод мекунад .
Чун замони тавлид то истеъмоли ғизоҳои консервшуда тӯлонӣ аст, ба онҳо маводи нигаҳдоранда изофа мекунанд, то аз фасоди он ҷилавгирӣ шавад, ки ин мавод дар дарозмуддат боиси бемориҳои саратонӣ, фаромушхотирӣ ва навъҳои гуногуни ҳассосият(аллергия) мешаванд .
Намак яке аз унсурҳои аслӣ барои мондагории ғазоҳои консервшуда аст, ки омили аслии афзоиши фишори хун ва бемориҳои рагу дил аст.
Равғани зиёд ва таъмдиҳандаҳо, ки барои хушмазза шудани ғизоҳои омода ба онҳо изофа мешавад низ боиси афзоиши чарбии хун ва гоҳе заҳролудшавиҳои ғизоӣ мешавад. Як грамм заҳри мавҷуд дар маводи ғизоҳои консервшуда барои куштани 10 миллион нафар кофӣ аст.Ҳамаи ғизоҳои консервшуда, на фақат консерви моҳӣ , бояд ба муддати 20 дақиқа ҷушонда шаванд, то микробҳои онҳо аз байн биравад.
Сустӣ, хастагӣ, сардард, гарангӣ ва норасоии биноӣ аз аломатҳои хатарноки заҳролудшавии баъд аз истеъмоли ғизоҳои консервшуда аст.