Декабр 10, 2017 10:35 Asia/Dushanbe
  • Нушидании миллии жопуниҳо балои ҷонат мешавад!

Пизишкон нушидани навъҳои гуногуни чой ва дамнуши гиёҳиро барои саломатӣ бисёр муфид медонанд, аммо ин чойҳо дар бархе бемориҳо метавонад мунҷар ба бадтар шудани раванди беморӣ дар ашхос шавад ва аз ин ру бояд дар нушидани онҳо эҳтиёт кард.

Таҳқиқоти нав нишон медиҳанд нушидани чойи кабуд барои гирифторон ба фишори зиёди хун тавсия намешавад. Гуфтанӣ аст истеъмоли чойи  сабз дар беморони гирифтор ба фишори зиёди хун сабаби коҳиши асари доруҳои муайяншуда барои дармон ё контроли ин беморӣ мешавад.

Баррасиҳо нишон медиҳанд бисёре аз афрод бо таваҷҷуҳ ба хосияти табии чойи сабз барои коҳиши фишори зиёди хун масрафи онро дар режими ғизоии худ қарор медиҳанд, аммо масрафи ин чой ҳамзамон бо масрафи доруҳо сабаби коҳиши асари доруҳо мешавад.

Донишмандон ҳамчунин дарёфтаанд ки масрафи чой сабз метавонад сабаби коҳиши асари бархе аз доруҳои дигар  низ  гардад ва масрафи он дар беморон бояд таҳти назорат ва мушовира бо пизишки табобаткунанда сурат гирад.

Донишмандон меваҳо ва сабзавоту кабудиҳои дигареро низ дар коҳиши асароти доруҳои бемориҳо асарбахш медонанд ва тавсиа мекунанд афрод дар заминаи режими ғизоии мева ва кабудии худ дар замони дучор шудан ба ҳар беморӣ бо пизишк машварат кунанд.

Донишмандон ин натиҷаҳоро бо баррасӣ бар руи довталабони жопунии гирифтор ба фишори зиёди хун, ки ҳар рӯз чойи кабуд истеъмол мекарданд, ба даст овардаанд.

Бештари ашхос нушидани чойи сабзро барои лоғарӣ ва хосиятҳои муфиди он дар режими ғизоии худ қарор медиҳанд, аммо бояд ба зарарҳои ҷонибии он бар саломатии худ низ диққат кунанд.

Барчасп