Чӣ гуна дандонҳои осебдидаи худро нигаҳдорӣ кунем?
Мисвок задани дандонҳо набояд ба сурати якнавохт бошад ва бархе дандонҳо ниёз ба сарфи вақти бештаре ба ҳангоми мисвок задан нисбат ба дигар дандонҳо доранд.
Пажуҳишгарон дарёфтаанд диққат надоштан ба ҳангоми мисвок задан яке аз омилҳои аслии муносиб пок нашудани дандонҳо ва ба вуҷуд омадани пусидагӣ дар даҳону дандон аст.
Гуфтанӣ аст пажӯҳишгарон дарёфтаанд диққат, сарфи вақту ҳавсала ба ҳангоми мисвок задан аз далилҳои аслии ҷилавгирӣ аз осеб расидан ба даҳону дандон аст .
Баррасиҳо нишон медиҳанд ашхос бояд мутобиқи вазъияти дармонии дандонҳои худ мисвок бизананд, аз ҷумла барои дандонҳое, ки рукаш,пур ё кошта шудаанд диққати бештаре ба ҳангоми мисвок задан ба харҷ диҳанд. Ин навъ дандонҳо ба иллати вуҷуди хамидагиҳои хурд дар қисмати атрофи дандон ва ласаҳо(деснаҳо) метавонанд ба суръат заминасоз бурузи уфунат ва бемориҳои ласаҳо шаванд.Пизишкон ва мутахассисони дандонпизишкӣ тавсия мекунанд афрод дар ҳангоми мисвок задани ин навъи дандонҳо бо эҳтиёт рафтор кунанд ва ҳамин тавр аз нахи дандон ва даҳаншуйҳои стандарт барои муҳофизати бештар истифода кунанд.
Маъмулан барои муҳофизат аз ин навъ дандонҳо тавсия мешавад аз мисвоки дорои шонаҳои нарм ва ё миёна истифода намоянд.