Тарс аз шона кардани муи сар ба суроғи чӣ касоне меравад?
(last modified 2017-12-20T04:39:48+00:00 )
Декабр 20, 2017 09:39 Asia/Dushanbe
  • Тарс аз шона кардани муи сар ба суроғи чӣ касоне меравад?

Пизишкон дарёфтаанд ки шона кардани муйҳо дар бархе афрод ба сурати як тарси нуҳуфта вуҷуд дорад, ки дар сурати муқобала накардан бо он метавонад зарархои шадиде дар онҳо эҷод кунад.

 Пизишкон ва мутахассисони пуст ва муй ба афроде ки дучори мушкили резиши муйҳои сар ҳастанд, тавсия мекунанд, ки аз шона ва ё бурс(шётка) задани муйҳои худ натарсанд.

Гуфтаниаст шона ва ё бурс задани муйҳо дар замоне мушкилсоз аст, ки бо василаҳои ғайристандарт ва ба сурати тунд ва дафъаҳои зиёд дар тули рӯз сурат гирад.Вагарна агар ба миқдори  мавриди ниёз, бо мулоимат ва бо бурсу шонаи стандарт сурат гирад барои муйҳо бисёр муфид аст.

Баррасиҳо нишон медиҳанд афроде ки дучори мушкили резиши муй ва ё мухура дар сари муйҳои худ ҳастанд аз шона кардани муйҳои худ метарсанд, зеро муйҳои рехташуда бар руи дандонаи шона ва ё бурс  эътимод ба нафс ё худ худбоварии онҳоро халалдор мекунад .

Пизишкон тавсия мекунанд ба таври мулоим шона задани муйҳо ба вижа бо риояти навъи модели муй ва интихоби шона ба вижа метавонад сабаби паҳн шудани равғани мавҷуд дар фолликулаҳои муй ба сурати қабат ба қабат дар тамоми сатҳи пусти сар ва дар натиҷа ҷилавгирӣ аз пайдоиши хориш, шох шудани муйҳо, гиреҳ хурдани муйҳо гардад. Муйҳои мурда ки аз сатҳи пӯст ҷудо шудаанд дар ҳар ҳол мерезанд ва ба шона кардан вобастагӣ надоранд .

Шона кардани мулоими муйҳо боиси таҳрики гардиши хун дар сатҳи пуст ва афзоиши расидани хун ба решаи муйҳо ва тақвияти онҳо мешавад. Шона накардани муйҳо илова бар барҳам хурдани оростагии шахс, сабаби эҷоди ҳисси афсурдагӣ ва изтироб дар шахс мешавад.

Барчасп