Гиёҳоне, ки сурфаро аз байн мебаранд
Ҳануз ҳам афроди бисёре ҳастанд, ки афзал медонанд ҳангоми беморӣ ба ҷои истифода аз доруҳои кимиёӣ аз гиёҳони доруӣ ва дармонҳои халқӣ истифода кунанд ва гиёҳони зиёде вуҷуд доранд, ки дар дармони сурфа асарбахш ҳастанд.
Ба гузориши пойгоҳи иттилоърасонии шабакаи Хабар, донаи меваи биҳӣ, пари сиёвушон,барги зуф ва гули бобуна аз гиёҳони пуристифода дар дармони сурфа ҳастанд.
Донаи биҳӣ
Меваи биҳӣ донаҳои луобдоре дорад, ки нармкунандаи сина ва хилтовар ҳастанд. Ба ҳамин далел дар таскини сурфа таъсиргузоранд.Донаҳои биҳиро каме дар об тар мекунанд ва баъд аз инки луоби он хориҷ шуд, онро мехӯранд. Илова бар ин метавон донаи биҳиро рӯи забон қарор дод ва луоби онро ба муддати чанд дақиқа макид, аммо бояд ба хотир дошт, ки донаи биҳиро набояд хоид. Албатта онро ба сурати ҷӯшонда низ метавон истеъмол кард.
Пари сиёвушон (ба русӣ «Адиантум венерин волос»
Барги ин гиёҳ осори хубе дар таскини сурфа дорад. Аз ин баргҳо метавон ҷушонда ё дамкарда омода кард, ки ҳар дуи онҳо боиси нарм шудани хилт ё балғам ва кумак ба берун шудани он мешаванд . Барои омода кардани ҷӯшонда 3 қошуқ барги хушки пари сиёвушонро дохили 1литр об бирезед ва иҷозат диҳед муддате биҷушад, сипас онро соф кунед ва бинушед.
Барои омодасозии дамкардаи ин гиёҳ миқдоре аз барги хушки онро дохили 1литр об бирезед ва иҷозат диҳед, то дам бикашад.Сипас онро соф ва майл кунед.
Барги зуф
Донаи ин гиёҳ луобдор аст ва боиси нарм кардани сина ва бартараф шудан сурфа мешавад. Донаҳои онро дар об тар ва луоби онро истифода мекунанд.
Гули бобуна
Нушидани дамкардаи гули бобуна(ба русӣ”ромашка”) боиси беҳбудии сурфа мешавад. Гоҳе ҳам онро ҳамроҳи асал мехуранд.