Январ 02, 2018 11:24 Asia/Dushanbe
  • Панҷ иллати буи бади даҳон

Агар аз буи бади даҳонатон ранҷ мебаред, муроҷиат ба дандонпизишк яке аз асарбахштарин равишҳо барои ёфтани роҳе барои ҳалли ин мушкил аст. Вуҷуди навъе аз бактерияҳо дар дандонҳои кирмхурда яке аз иллатҳои ин мушкили озордиҳанда аст.

Ба гузориши пойгоҳи иттилоърасонии шабакаи Хабар, ба нақл аз доктор Кахер-муттахассиси даҳону дандон аз Амрико омилҳои гуногуне боиси буи бади даҳон мешаванд, ки шомили мавридҳои зер аст:

- Вуҷуди бактерияҳо дар дандони кирмхурда; ин бактерияҳо фақат тавассути мутахассис зудуда ё аз байн бурда мешаванд.

- Мушкилоти бинӣ; мумкин аст буи бади вобаста ба тарашшуҳоти бади буи дохили бинӣ бошад, ки ба иллати мушкилоти синусӣ ё геймарит ба вуҷуд меояд.Барои рафъи ин мушкил метавон аз маҳлули оби намак барои шустушуи бинӣ истифода кард, аммо барои доимӣ бартараф кардани ин мушкил бояд ба муттахассиси гуш, ҳалқ ва бинӣ муроҷиат кард.

- Қисмате аз ком ё лузаи даҳон (ба русӣ”миндалин”); гоҳе вақтҳо ком, ки дар болои гулу воқеъ аст, шакли табиӣ надорад ва монанди як меваи олуи кафида мешавад.Ин маҳалли кафидамонанд ҷои ҷамъшавии бактерияҳо аст. Ҳангоме ки бактерияҳои ҷамъшуда дар ин қисмат зиёд шаванд боиси ба вуҷуд омадани санг мешаванд, ки буи бисёр баде аз худ паҳн мекунанд. Санги комро метавон дар марказҳои тахассусӣ тавассути дастгоҳе ба номи waterpik аз байн бурд. Дар ин равиш санги лузаро бо фишори об аз байн мебаранд.

- Режими ғизоии номуносиб; дар сир(чиснок) ва пиёз маводе вуҷуд дорад, ки аз тариқи бофтҳои сурхи хун ба шуш ва сурхной мунтақил мешаванд. Ин мавод буи бисёр баде доранд, ки на танҳо худи шахс аз ин буй эҳсоси нороҳатӣ мекунад, балки атрофиён ҳам аз ин буй дар азоб ҳастанд. Танҳо равиши аз байн бурдани ин буй истифода аз маводи хушбукунанда ва шустани даҳон аст.

- Мушкилоти меъда; агар иллати буи бади даҳони Шумо ҳеч кадом аз мавридҳои боло нест, ба пизишки худ муроҷиат кунед, чун гоҳе вақтҳо мушкилоти меъда низ метавонад боиси буи бади даҳон шавад.Зиёд шудани кислотаи меъда боиси зардаҷуш ва баргашти кислота ба самти сурхной мешавад, ки ин мушкилро ҳам метавон ба кумаки маводи зидди кислота ва доруҳои дигар бартараф кард.

Барчасп