Равиши мутмаин барои ташхиси асали асл
(last modified Wed, 03 Jan 2018 07:36:21 GMT )
Январ 03, 2018 12:36 Asia/Dushanbe
  • Равиши мутмаин барои ташхиси асали асл

Равишҳои зиёде барои ташхиси асали асл(ҳақиқӣ) аз тақаллубӣ шунида мешавад...

Равишҳои зиёде барои ташхиси асали асл (ҳақиқӣ) аз тақаллубӣ шунида мешавад; ба унвони мисол гуфта мешавад агар асал шакарак бизанад он тақаллубӣ аст ё инки агар рангаш тира бошад ё инки агар дар зарф бирезӣ набояд риштааш канда шавад, аммо бояд бигуем ҳеч кадом аз ин равишҳо барои ташхиси асали асл ҷавоб намедиҳад!

Ба гузориши пойгоҳи иттилоърасонии шабакаи Хабар, як равиши мутмаин барои шинохти асали хуб ин аст, ки онро дохили як стакан оби сард бирезед.Дар ин ҳолат агар қатраҳои асал ҳал нашаванд ва таги стакан таҳшин шаванд асал асл аст, аммо агар асал дар об ҳал ва зарраҳои он ба сурати риштаҳое дар об нопадид шаванд, тақаллубӣ ё ғайри ҳақиқӣ аст.