Январ 14, 2018 13:14 Asia/Dushanbe
  • Ҳафт моддаи ғизоӣ барои мубориза бо чарбиҳои шикам

Имрӯза бемориҳои илтиҳобӣ (варам ва газак) ва фарбеҳии қисмати шикам афзоиш пайдо карда аст, ки бисёре аз мардумро бо мушкил рӯбарӯ карда аст.

Мавридҳое ки дар зер зикр мешавад дар коҳиши варамҳо ва коҳиши чарби(равған)и шикам асарбахш аст.

Дар сурате ки аз маводи ғизоии зер истифодаи кунед ва варзиши рӯзонаро бо он ҳамроҳ кунед чарбии қисмати шиками Шумо коҳиш пайдо мекунад.

 1 – Меваҳо,сабзавот ва кабудиҳо

Тамоми меваҳо ва сабзавоту кабудиҳо ба далели маводи муфиди ғанӣ ва фибр , ба мубориза бо уфунати хатарнок ва куҳнашуда кумак мекунад.Баъзе аз меваҳову сабзавот ва кабудиҳо, ки хосияти зиддиилтиҳобии фавқулодда доранд, шомили себ,навъҳои гуногуни тутҳо, карами бракколи, қорч(замбуруғ), ананас,папайя ё харбузаи дарахтӣ ва исфаноҷ аст. Онҳоро дар барномаи ғизоии худ қарор диҳед.

2 - Чои кабуд ё сабз

Ин нушиданӣ барои кумак ба хурд шудани даври миёни Шумо ва ҳамчунин барои коҳиши илтиҳоб муфид аст. Флавоноидҳодар ин навъи чой дорои хосияти зиддиилтиҳобии табиӣ аст ва нишон дода шудаи EGCG-и таркиби мавҷуд дар чои сабз барои кумак ба коҳиши чарбии бадан таъсиргузор аст.

3 – Равғанҳои муфид

Ин равғанҳо ба таври куллӣ барои саломатии дил, кумак ба боло бурдани сатҳи холестини HDL-и солим ва коҳиши илтиҳоб муфид аст . Манбаъҳои асосии равғанҳои муфид  шомили равғани зайтун, бодом ва авокадо аст

4 – Кислотаҳои равғании Омега-3

Таҳқиқот нишон дода аст, ки як режими ғизоӣ бо дарсади зиёде аз кислотаҳои равғании Омега-3 ва дарсади каме аз кислотаҳои равғании Омега-6  коҳиши илтиҳобро дар бар дорад. Манобеи ғизоии Омега-3  шомили чормағз , тухми каттон ва моҳӣ, монанди моҳии лосос аст.

5 - Адвияҷот

 Адвияҷот(доругиҳо)и мутмаин , аз ҷумла сир(чеснок) ,занҷабил,дорчин,зардчуба, қаламфур ва қаламфури сурх дорои қобилиятҳои қавии коҳиши илтиҳоб ҳастанд. Бинобарин саъй кунед онҳоро ба ғизоҳои худ илова кунед.

6 -Об

Хурдани оби кофӣ барои хориҷ кардан заҳрҳои илтиҳобзо аз бадан зарурӣ аст. Ҳадафи худро барои хурдани 1600 миллилитр об дар рӯз қарор диҳед ва ба ёд дошта бошед, ки 200 миллилитр оби иловагӣ барои ҳар 30 дақиқа варзиш низ истеъмол кунед.

7 – Ғалладонаҳои сабусдор

Ғалладонаҳои сабусдори ғанӣ аз фибр ба контроли посухи инсулин дар бадан кумак мекунад ва витамини B-и зиёде  доранд . Ғалладонаҳои сабусдор низ ба коҳиши гармони  гомоцистеина ( омили илтиҳоб) дар бадан кумак мекунад.

Барчасп