Январ 18, 2018 12:12 Asia/Dushanbe
  • Равғани зайтун-беҳтарин мавод барои хориҷ кардани ҷисми дохилшуда ба гуш

Як мутахассиси гуш, гулу ва бинӣ таъкид кард, Барои хориҷ кардани ҷисми дохилшуда ба гуш ҳаргиз набояд аз сим, сузан ва дигар чизҳое монанди инҳо истифода кард, зеро сабаби зарарҳои бештаре дар гуш мешавад

Ба гузориши пойгоҳи иттилорасонии шабакаи Хабар, доктор Иброҳим Размпо бо ишора ба инки ағлаби кудакон ашёе аз қабили нахуд, лубиё ва донаи гиёҳон ва меваҳоро дар гуши худ ворид мекунанд, изҳор кард: Дар асари дасткорӣ мумкин аст ҷисми ба дохили гуш гузошташуда боз ҳам ба ақибтар меравад ва ё ба иллати бод кардани донаҳо хориҷ кардани онҳо душвор шавад.

Вай идома дод: Агар ҳашарот ё донае дар гуш ворид шавад бояд дар зудтарин замони мумкин каме равғани зайтун ё парафин дар гуш рехта шавад, ки ҳам ҷонварро бикушад ва ҳам осеби расида ба гуш камтар шавад.

Ин узви ҳайати илмии донишгоҳи улуми пизишкии Теҳрон ёдовар шуд: Равған монеъи бод(варам) кардани донаҳои наботӣ мешавад. Ҳамчунин бояд хеле зуд ба пизишк муроҷиат кард, то бо асбоби махсус ҷисми дар аз гуш рустшударо аз он берун оварад.

Размпо баён кард: Вуруди ҷисм ё ҳашарот дар биниро метавон бо фин кардан ё чакондани равғанҳо хориҷ кард.Дар сурати корсоз набудани ин амалҳо, бояд ҳар чи тезтар ба пизишк муроҷиъат кард.

Барчасп