Иллатҳои хушкии чашм ва дармонҳои он
https://parstoday.ir/tg/radio/uncategorised-i28787-Иллатҳои_хушкии_чашм_ва_дармонҳои_он
Мутахассиси осебшиносии ҳуҷайраҳо дар мавриди инки чаро чашми афрод дучори хушкӣ мешавад, гуфт: Хурдани бархе аз ғизоҳо боиси эҷоди халал дар амалкарди ҳуҷайраҳои ашксоз мешавад ва дар ин замина истеъмоли равғанҳои кунҷид, зайтун ва оби ҷушидаи ширгарм тавсия мешавад.
(last modified 2025-10-08T08:30:18+00:00 )
Январ 21, 2018 10:43 Asia/Dushanbe
  • Иллатҳои хушкии чашм ва дармонҳои он

Мутахассиси осебшиносии ҳуҷайраҳо дар мавриди инки чаро чашми афрод дучори хушкӣ мешавад, гуфт: Хурдани бархе аз ғизоҳо боиси эҷоди халал дар амалкарди ҳуҷайраҳои ашксоз мешавад ва дар ин замина истеъмоли равғанҳои кунҷид, зайтун ва оби ҷушидаи ширгарм тавсия мешавад.

Ба гузориши пойгоҳи иттилорасонии шабакаи Хабар, Ҳасани Акбарӣ афзуд: Замоне, ки ба муддати тулонӣ ғизоҳое бо сифати номуносиб монанди равғанҳои наботии саноатӣ, равған ва қанди зиёд масраф мекунем кам кам дар даруни ҳуҷайраҳои тарашшуҳкунандаи ашк  халал ёфтани амалкард пеш меояд.

Вай идома дод:Ин ҳуҷайраҳо наметавонанд дигар ашк тавлид кунанд ва бар асари ҷамъшавии мавод дар маҷори(роҳҳои ҷоришави)и ашкӣ ин ҳуҷайраҳо варам мекунанд,онгоҳ маҷорӣ танг мешавад ва убури ашк коҳиш меёбад.Ин донишёри бахши паталогияи донишгоҳи улуми пизишкии шаҳид Биҳиштӣ дар мавриди дармони хушкии чашм гуфт: Масрафи намаки органикӣ ва оби ҷушидаи ширгарм ба ҷои оби хлордор ё оби сард муносиб аст.

Акбарӣ таъкид кард: Истеъмоли навъҳои гуногуни дамнушҳои гиёҳӣ ба ҷои чой муносибтар аст ва истифода аз равғанҳои кунҷид ва зайтун ба ҷои равғанҳои яхкардаи наботӣ тавсия мешавад ва ба ҷои гушти ҳайвонот  гушти паррандаҳо ва масрафи витамини А ва  ғизоҳои муносиб дар ин замина тавсия мешавад.

Ин мутахассиси осебшиносии ҳуҷайраҳо гуфт: Ғадудҳои ашкӣ ба таври бардавом ашк тавлид мекунанд ва ашк дорои навъҳои гуногуни электролитҳои муҳим ва фирминтҳои хоссе аст.

Ин фирминтҳо метавонанд баъзе аз бактерияҳоро аз байн бибаранд ва чашмро дар баробари микробҳо муҳофизат кунанд.