Январ 24, 2018 10:24 Asia/Dushanbe
  • Ҷурғот бихуред,то ба диабет гирифтор нашавед

Пизишкон эълом карданд ҷойгузин кардани ҷурғот (мост) ба ҷои як чипс ё дигар фастфудҳо (хурокиҳои тезтаёр) метавонад хатари гирифторӣ ба диабетро то 47 дарсад коҳиш диҳад.

Ба гузориши пойгоҳи иттилорасонии шабакаи Хабар мутолиот  нишон медиҳад  хурдани чаҳор ё панҷ бор мост дар ҳафта сабаби коҳиши хатари гирифторӣ ба диабети навъи ду мешавад.Мутахасисони соҳаи саломатӣ дар Англия бо баррасии режими ғизоии 4000  нафар таи муддати 11 сол дарёфтанд ашхосе, ки дар ин муддат дар режими ғазоии худ мости зиёде масраф кардаанд 24 дарсад камтар аз дигарон ба диабети навъи ду гирифтор шудаанд.

Бинобар мутолиае, ки дар нашрияи пизишкии Диабетология мунташир шудааст, ин афрод дар режими ғизоии худ дар ҳафта чаҳор то панҷ бор мости камравған истифода кардаанд, ки ин масъала сабаби коҳиши хатари гирифторӣ ба диабети навъи ду дар онҳо шудааст.Агарчи ин мутолиа дар воқеъ иртиботи хурдани мост бо коҳиши хатари гирифторӣ ба диабетро нишон медиҳад, на таъсири он бар гирифторӣ ба ин беморӣ, аммо дар воқеъ яке аз асароти мусбати хурдани мост эҳтимолан ба ин бовари умумӣ бар мегардад, ки афроде, ки ҳамроҳ бо ғизои худ мост мехуранд камтар ба самти хурдани десертҳо ва хурданиҳои ғайримуфид мераванд.

Ба гузориши Лиосайенс пизишкон эълом карданд як бор хурдани мост ба ҷои як бор хурдани чипс ё дигар хурокиҳои беарзиш метавонад хатари гирифторӣ ба диабетро то 47 дарсад коҳиш диҳад.Мутахасисони соҳаи саломат ҳамчунин яке дигар аз асароти муфиди мост дар коҳиши гирифторӣ ба диабетро хосияти хамирии ин хурокӣ ва доштани витамини К ва пробиотикҳо медонанд, ки ҳар дуи ин таркибот дар муқобила бо диабет тавсия мешаванд.Мутахасисон ҳамчунин иртиботе миёни таъсири режими комилан ширӣ бар коҳиши хатари гирифторӣ ба диабет пайдо накардаанд, аммо муътақиданд танҳо бархе маҳсулоти ширӣ дар коҳиши хатари гирифторӣ ба диабет асарбахш ҳастанд.

 

Барчасп