Муми гуш ҳуввияти ашхосро фош мекунад
Муми гуш(чирки гуш ё моддае,ки аз дохили гуш берун меояд) ба донишмандон дар дарки ҳуввияти ашхос ва ҳатто чизе,ки хурдаанд ва маконе, ки дар он будаанд , кӯмак мекунад .
Ин мода ҳатто метавонад иттилоотиро дар хусуси тамоюлоти ҷинсӣ ва саломатии ашхос намоиш диҳад.
Муҳаққиқони маркази Монелл дар Филаделфия бар ин боваранд,ки ин мутолиа ҳамчунин ба афзоиши шинохти ҳуввияти афрод ва таъини қавмияти онҳо бо баррасии чирки гуш хоҳад анҷомид.Бар асоси таҳқиқоти пешин буи зери бағал иттилооти фаровонеро дар мавриди ҳуввияти шахсӣ , ҷинсият , тамоюлоти ҷинсӣ ва вазъияти саломатии афрод дар ихтиёр мегузорад.
Груҳи илмии маркази Монелл аз равиши кимиёии олии таҳлилӣ барои шиносоии вуҷуди таркибҳои кимиёии тавлидкунандаи бу дар муми гуш истифода кард ва дарёфти миқдори ин таркибот байни афроди дорои аслияти Осиёи шарқӣ ва Қафқоз мутафовит буд. Муми гуш бо номи илмии cerumen , таркибе аз тарашуҳот аз ғадудҳои арақ ва ҳамчунини маводи равғание аст, ки аз ғадудҳои равған тарашшуҳ(таровидан) шудаанд.
Гуфта мешавад тағйири кучак дар гени мавсум ба ABCC11 бо тавлиди буи зери бағал ва хушк ё рутубатдор будани муми гуш дар иртибот аст.
Муҳаққиқон дар ин пружа муми гуш 16 марди солимро, ки ҳашт тан аз онҳо дорои аслияти қафқозӣ ва ҳашт нафари дигар дорои аслияти Осиёи шарқӣ буданд , ҷамъоварӣ ва таҳлил карданд. Ҳар намуна дар як зарфи шишагии хурд қарор дода шуд ва барои 30 дақиқа ба манзури озодсозии молекулаҳои ҳавобурди мавсум ба таркиботи олии фирор (VOCs),
ки бисёре аз онҳо будор ҳастанд, таҳти ҳарорат қарор дода шуд.Як дастгоҳи ҷазбкунанда сипас дар кулоҳаки зарф барои ҷамъоварии VOCs аз махзан дар баста қарор дода ва аз равишҳои гуруҳсанҷии кромотогрофии тудаи газ барои таҳлили таркиботи кимиёӣ истифода шуд.Ин баррасӣ нишон дод, ки 12 таркиби олии фирор ба таври пайваста дар муми гуши ҳамаи мардон вуҷуд дошт,агарчӣ мизони ин таркибот ба унвони намунае аз пасзаминаҳои қавмии шахс мутафовит буд, ки бар асоси он қафқазиҳо аз миқдори бештаре аз ин таркибот нисбат ба намояндагони Осиёи шарқӣ (11 маврид аз 12 таркиб) бархурдор буданд.