Миқдори калорияе,ки сақич мерасонад ва месузонад
Дар як баррасӣ нишон дода шуд,ки сақичи беқанд метавонад ба коҳиши плоки дандонӣ ва ё кирмхурдагиҳои дандонӣ кумак кунад.
Ҳамчунин ашхосе, ки дар байни навбатҳои ғизохурии худ сақич мехоянд, дар навбатҳои ғизоии баъдӣ ё ғизохуриҳои байни навбатҳои аслии ғизоӣ камтар хурок мехуранд.
Ба гузориши пойгоҳи иттилорасонии шабакаи Хабар , доктор Фарнози Атоӣ, мутахассиси равонпизишкӣ гуфт :Хоидан ё ҷавидани сақич ба контроли иштиҳо кумак мекунад.Баъзе аз мутахассисон бовар доранд,ки ҷавидани сақич боис мешавад, то ниёз ба хоидани ғизо аз байн биравад;бинобарин хоидани сақич метавонад ба контроли иштиҳо кумак кунад.
Вай афзуд : Бархе низ ақида доранд таъм ва маззаи сақич майлу рағбати одамонро ба таъму маззаи дигаре дар даҳон аз байн мебарад, ки ин мавзӯъ ба сақичи пудинаӣ бештар рост меояд.Атоӣ таъкид кард : Хоидани як баста сақичи беқанд ҳудуди 5 то 10 калория ба шахс неру медиҳад, ҳол онки ба муддати як соат хоидани он боиси сузондани 10 калория мешавад.
Фарнози Атоӣ ҳамчунин гуфт: Бархе баррасиҳо нишон медиҳанд ҷавидани сақич метавонад барои дандонҳо ё мушакҳои манаҳ ва ё ҳар ду зарарнок ва зиёновар бошад. Бо ин ҳол сақичи беқанд метавонад ба коҳиши плоки дандонӣ ва ё кирмхурдагиҳои дандонӣ кумак намояд.