Ғанитарин манбаъи оҳан дар чои сурхранг
Чои сурх , як навъ чои хуштаъм ва хушмазза аст ва баракси чои сиёҳ(фомилӣ ё паҳмил), ки боиси аз байн рафтани оҳани бадан мешавад , яке аз манбаъҳои ғании оҳан ба шумор меояд.
Ба гузориши пойгоҳи иттилоърасонии шабакаи Хабар , Муҳсини Сироҷ-мутахассиси соҳаи хурокворӣ гуфт:Аз гулбарг ва донаҳои чои сурх ё турш метавон ба унвони нушидании хуштаъм истифода кард.Дар воқеъ ин нушидании гарм ва судманд аз назари оромишбахшӣ ва рафъи хастагӣ метавонад барои ашхосе, ки алоқаманд ба нушиданиҳои зиддихастагӣ ҳастанд, муфид қарор бигирад.Вай афзуд: Метавон ин нушиданиҳои гармро бо набот ва қанд истеъмол кард. Сироҷ таъкид кард: Ин чои пурхосият коҳандаи фишори хун, тунук ва тозакунандаи хун ва баракси чои сиёҳ, ки боиси дафъи оҳани бадан мешавад , яке аз манбаъҳои ғании оҳан ба шумор меояд.
Дар воқеъ дар аҳди бостон аз чои сурх ба унвони шодобкунанда ва рафъкунандаи бемориҳои қалбӣ истифода мешуд.