Нушиданиҳои чарбисуз
https://parstoday.ir/tg/radio/uncategorised-i31079-Нушиданиҳои_чарбисуз
Нушиданиҳо роҳаттарини хурокиҳои дунё ҳастанд, зеро бо як най метавон онҳоро хурд ва ҳатто ниёз ба хоидан ҳам надоранд.
(last modified 2025-10-08T08:30:18+00:00 )
Март 10, 2018 09:41 Asia/Dushanbe
  • Нушиданиҳои чарбисуз

Нушиданиҳо роҳаттарини хурокиҳои дунё ҳастанд, зеро бо як най метавон онҳоро хурд ва ҳатто ниёз ба хоидан ҳам надоранд.

Нушиданиҳои бисёр зиёде ҳастанд, ки метавонанд хосияти чарби(равған) сузиро барои Шумо ба ҳамроҳ дошта бошанд, аммо танҳо миқдоре аз онҳо бисёр хуб ва коромад ҳастанд.

Об:

Вақте мехоҳед вазн кам кунед, хеле муҳим аст ки баданатон ба миқдори кофӣ об дошта бошад. Нушидани миқдори зиёди об дар тули рӯз ба бадани Шумо кумак мекунад, то таъодули моеъоти худро ҳифз кунед ва илова бар ин боис мешавад, ки Шумо бештар эҳсоси серӣ кунед ва камтар ғизо бихуред.

Чои хунуки пудинаӣ:

Ин нушиданӣ илова бар инки ташнагии Шуморо бартараф мекунад ва дар фасли тобистон ба Шумо таровату шодобӣ медиҳад, барои соф ё лоғар кардани шиками Шумо ҳам муфид аст.Пудина(наъно) ба шиками Шумо кумак мекунад, ки чарбиҳоро бисузонад ва ғизоҳои пурчарб ё серравған  мисли гамбургерҳо ва стейкҳо ба суръат ҳазм шавад ва ба ин тартиб монеъ аз дам кардани шикам мешавад.

Оби тарбуз:

Яке аз беҳтарин ва ва солимтарин оби меваҳои дунё, оби тарбуз(ҳиндувона) аст, ки метавонед ба кумаки он миқдори бисёр зиёде аз оби баданро таъмин  ва ҳамчунин чарбиҳои изофиро бисузонед. Албатта ба ин нукта таваҷҷуҳ дошта бошед, ки агар заррае ба он шарбат ва ё шакар изофа кунед, дигари он ҳолати аслии худашро нахоҳад дошт. Оби тарбуз  ҳамчунин витаминҳои бисёр зиёде монанди аминокислотаҳои лозим ва ликопинҳои зиддисаратонӣ дорад.

Оби ананас:

Бори дигар яке аз меваҳои муфид барои чарбисузиро дар пеш дорем. Ананас шояд аз гуруҳи меваҳои бисёр ширин бошад, аммо оби он дар сурате ки ба таври табиӣ истифода шавад, метавонад чарбиҳои баданро комилан нобуд кунад. Оби ананас дорои маводе аст, ки кумак мекунад, то чарбиҳо ба осонӣ хурд шаванд.

Шоколади талх:

То ба ҳол исме аз нушиданиҳои шоколадӣ шунидаед? Ин нушиданиҳо бо об кардани шоколадҳои талх ва ё таркибӣ ба вуҷуд меояд.Агар аз шоколадҳои бисёр асил истифода кунед метавонед ба роҳатӣ бадани бисёр хуб ва ҳамчунин шиками рост ва бидуни чарбӣ дошта бошед.

Чои  кабуд:

Дар мавриди чои  сабз (дар Тоҷикистон ба он чои кабуд мегуянд) матолиби бисёр зиёде то ба ҳол гуфта шуда аст ва яке аз аслитарини онҳо қудрати чарбисузии чои сабз аст. Ин нушиданиро метавонед баъд аз варзиш ва ё баъд аз ҳаммом кардан истифода кунед. Дар ин замонҳо чои сабз бештарин асарро руи бадан дорад.