Рӯзона 50 грамм чормағз бихуред
(last modified Thu, 15 Mar 2018 06:19:33 GMT )
Март 15, 2018 11:19 Asia/Dushanbe
  • Рӯзона 50 грамм чормағз бихуред

Кислотаҳои равғани Омега-3 мавҷуд дар бархе мавод, аз ҷумла чормағз (гирду) илова бар муҳофизат аз системаи дилу рагҳо, аз афзоиши ҳуҷайраҳои саратонӣ низ ҷилавгирӣ мекунанд ва ҳамчунин дар саломати системаи асабӣ ва пешгирӣ ва контроли бемориҳое ҳамчун афсурдагӣ нақши муҳимме ифо мекунанд.

Ба гузориши пойгоҳи итилорасонии шабакаи Хабар , бар асоси мутолиот чормағз аз бемориҳои дилу рагҳо ва ҳамчунин афзоиши ҳуҷайраҳо ва варамҳои саратонӣ дар бадан пешгирӣ мекунад. Анҷумани хуроквории Амрико тавсия мекунад ҳамаи ашхос рӯзона 50 грамм чормағз бихуранд.

Чормағз дорои витаминҳо, маводи менералӣ ва полифенолҳои муфиди бисёре аст. Аммо ағлаби асароти муъҷизаосои чормағз бар саломатии инсон ба далели вуҷуди мақдори зиёди кислотаҳои равғани Омега-3 аст.Равғанҳои муфиди мавҷуд дар чормағз миқдори холестрини бади хунро коҳиш дода, аз руст шудани ҷараёни хун пешгирӣ мекунанд.

Мутолиоти анҷомшуда дар донишгоҳи Гарвард баёнгари ин матлаб аст, ки хурдани чормағз хатари марги ногаҳонии баргирифта аз халалдоршавии кори дил ва гирифтагии рагҳоро коҳиш медиҳад.