Антибиотикҳои табии суфраи ҳафтсин
(last modified Tue, 27 Mar 2018 04:43:04 GMT )
Март 27, 2018 09:43 Asia/Dushanbe
  • Антибиотикҳои табии суфраи ҳафтсин

Сирка (уксус) антибиотики табиӣ аст.Ашхосе ки фишори хуни зиёд ҳам доранд метавонанд дар "дорухона"-и суфраи ҳафтсин аз сирка истифода кунанд.

Ба гузориши пойгоҳи итилоърасонии шабакаи Хабар, Фотимаи Ҳусайнӣ-мутахассиси соҳаи хурокворӣ ва режимдармонӣ гуфт :Яке аз синҳои суфраи  ҳафтсин сирка аст, ки аз тахмири ангӯр ба даст меояд ва сирка хосияти антибиотикӣ дорад ва ҳамчунин сиркаро дорои хосиятҳое монанди ҷилавгирӣ аз фишори хун ва коҳишдиҳандаи холестрин медонанд.

Вай хотирнишон кард:Сирка бо афзоиши ҷазби калсий ба беҳбуди устухонсозӣ дар бадан кумак мекунад ва имрӯз хосияти зиддиқорчӣ ва микробии сирка дар дармони заҳролудшавии ғизоӣ ба исбот расида аст.Хонуми Ҳусайнӣ унвон кард: Маҷмуае аз озмоишҳо нишон дода аст, ки хурдани сирка ба ҳамроҳи ғизо боиси эҳсоси серӣ ва дар натиҷа коҳиши истеъмоли ғизо мешавад.

Вай афзуд: Қабл аз тавлиди доруҳои коҳишдиҳандаи қанди хун афроди диабетӣ(дорои касалии қанд) барои коҳиши қанди хун аз сирка истифода мекарданд, аммо масрафи маҳдуди 20-миллилитрӣ ё ду қошуқи ғизохурӣ сирка ба ҳамроҳи ғизо ё дар тули режими рӯзона метавонад қанди хуни афроди диабетӣ ва ҳатто афроди солимро коҳиш диҳад.Фотимаи Ҳусайнӣ гуфт: Хурдани сирка дар бархе афрод метавонад то 30 дарсад қанди хунро кам кунад.

Барчасп