Афзоиши хатари сактаи мағзӣ бо камбуди оҳан
(last modified Tue, 03 Apr 2018 05:40:00 GMT )
Апрел 03, 2018 10:40 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши хатари сактаи мағзӣ бо камбуди оҳан

Ҳатто дар ашхосе, ки мизони оҳан дар ҳадди миёнаи пойин аст, нисбат ба ашхосе, ки мизони оҳанашон дар ҳадди миёнаи гуруҳи табиӣ қарор дорад , эҳтимоли сактаи мағзӣ(инсулт) ду баробар мешавад.

Як баррасӣ нишон медиҳад, ки мизонҳои ками оҳан бо часпанда кардани хун боис мешавад, ки хатари сактаи мағзӣ боло биравад. Пажуҳишгарон иттилооти марбут ба 500 нафарро баррасӣ карданд, ки гирифтор ба як бемории авлодии нодир буданд. Ин беморӣ боиси эҷоди раги хунии кушод шуда дар шушҳо мешавад. Рагҳои хунӣ дар шушҳо дар шароити одӣ монеъ аз вуруди лахтаи хун ба сестимаи хунгард мешаванд. Аммо дар ин беморон  лахтаи хунӣ метавонанд аз шушҳо бигзаранд ва ба шараён(сестимаи хунгард)и ворид шаванд.

Аммо ба гуфтаи ин пажуҳишгарон аз Империал Колеҷи Лондон дар Британия афроде дар миёни ин беморон, ки камбуди оҳан ҳам доштанд, плакати часпанда доштанд ва бо эҳтимоли бештаре мумкин буд дучори  сактаи мағзӣ шаванд.

Плакат ҳуҷайраҳои хунии кучаке ҳастанд, ки ҳангоме ки ба якдигар мечаспанд , сабаби лахта шудани хун мешаванд. Ин баррасӣ нишон дод ҳатто дар афроде, ки мизони оҳанашон  дар ҳадди миёнаи пойин аст нисбат ба афроде ки мизони оҳанашон дар миёнаи гуруҳи табиӣ қарор дорад , эҳтимоли сактаи мағзӣ ду баробар мешавад.Ба гуфтаи ин пажӯҳишгарон бисёре аз афрод дучори навъҳои дигаре аз бемориҳое ҳастанд, ки монеъ аз амалкарди филтри шушӣ руи лахтаи хун мешавад ва ёфтаҳои онҳо метавонад ниҳоятан ба пешгирӣ аз сактаи мағзӣ ёрӣ бирасонад.Ҳудуди ду миллиард нафар дар ҷаҳон дучори камбуди оҳан ҳастанд ва пажуҳишҳои ахир нишон дода буданд, ки ин мушкил метавонад омили хатарсозе барои сактаи мағзӣ бошад , аммо то ба ҳол маълум набуд чигуна камбуди оҳан сатҳи хатари сактаи мағзиро боло мебарад.

Доктор Клор Шавилин, аз пажуҳишгоши қалбу шуш дар Империал Колеҷи Лондон дар ин бора мегуяд : Бо таваҷҷуҳ ба инки дар сурати вуҷуди камбуди оҳан , плакати бештар ба якдигар мечаспанд , ба назари мо ин падида метавонад шарҳдиҳандаи робитаи камбуди оҳан ва афзоиши хатари сактаи мағзӣ бошад.

Шавилин меафзояд : «Гоми баъдӣ ин аст ин масаъларо ба озмоиш бигзорӣ, ки оё метавонем дар ин беморони дар маърази хатари боло бо дармон кардан камбуди оҳан аз сактаи мағзӣ пешгирӣ кунем. Дар бемороне, ки таҳти дармони камбуди оҳан ҳастанд метавон ин мавзӯро баррасӣ кард, ки оё плакати часпандагии камтаре пайдо кардаанд ё на.»

Албатта ба гуфтаи ӯ марҳалаҳои бисёри дигаре дар фосилаи баста шудани раги хунӣ бо лахта ва бурузи ниҳоии сактаи мағзӣ вуҷуд дорад. Бинобарин ҳануз равшан нест, ки мизон аҳамияти афзоиши  часпандагии  плакат дар кулли ин раванд  чӣ қадар аст.