Даҳ хосияти "шоколад хурдан"
https://parstoday.ir/tg/radio/uncategorised-i33576-Даҳ_хосияти_шоколад_хурдан
Шоколади талх фишори хун ва холестрини бадро коҳиш дода ва эҳтимоли гирифторӣ ба бемории қалбиро коҳиш медиҳад.
(last modified 2025-10-08T08:30:18+00:00 )
Май 03, 2018 10:01 Asia/Dushanbe
  • Даҳ хосияти

Шоколади талх фишори хун ва холестрини бадро коҳиш дода ва эҳтимоли гирифторӣ ба бемории қалбиро коҳиш медиҳад.

Яке аз далилҳои фоидаи шоколади талх барои дил дорои хосияти зидди варам будани он аст, ки риски бемории қалбиро коҳиш медиҳад.

Касоне,ки пайваста ва  ба андозаи муносиб шоколад мехуранд кори муфиде барои қалбашон анҷом медиҳанд. Шоколад фишори хун ва холестрини бадро коҳиши дода ва эҳтимоли ибтило ба бемории қалбиро коҳиш медиҳад.

1-Шоколад риски сактаи мағзиро коҳиши медиҳад: Як пажӯҳиш дар Шветсия нишон медиҳад, ки заноне ки дар ҳафта чиҳилу панҷ грамм ё бештар аз он шоколад мехуранд бисти дарсад камтар аз заноне ки камтар аз нуҳ грамм дар ҳафта шоколад мехуранд эҳтимоли сактаи мағзӣ доранд.

2-Шоколад саломати қалбро афзоиш медиҳад:Онҳое ки пайваста шоколад мехуранд кори муфиде барои қалбашон анҷом медиҳанд.

3-Шоколад шуморо сер нигаҳ медорад: Шоколади талх ба хотири фибр(волокно)и фаровон воқеан шуморо сер нигаҳ медорад. Бинобарин камтар мехуред.Тибқи таҳқиқоти донишгоҳи Копенгаген шоколади талх бисёр бештар аз шир майл ба ғизоҳои шур ва ширинро коҳиш медиҳад.

4-Шоколад бо диабет мубориза мекунад: Тибқи як пажӯҳиш дар Италия касоне,ки пайваста шоколад мехуранд  сатҳи ҳассосияташон ба инсулин боло меравад, ки дар натиҷа эҳтимоли ибтило ба диабет дар онҳо коҳиш меёбад.

5-Шоколад аз пусти шумо ҳифозат  мекунад: Шоколади талх воқеан барои пуст муфид аст . Антиоксидҳои мавҷуд дар шоколади талх, ки флаванид номида мешаванд аз пусти шумо дар баробари нури ултрабунафши хуршед муҳофизат мекунад.

6-Шоколад сурфаро банд меоварад : Сурфаи шумо банд намеояд? Моддае дар шоколад аст ба номи тнобромин, ки ба назар мерасад фаъолияти асаби роҳи нафаскаширо коҳиш медиҳад, ин бахш аз мағз муҷиби сурфаҳои сахте мшавад.

7- Шоколад ҳоли шуморо хуш  мекунад: Ғайри қобил инкор аст ,ки хурдани шоколад барои онҳо ки ошиқи ширинӣ ҳастанд , лаззати зиёде дорад Лаззат бурдан аз ғизо, лаззат бурдан аз зиндагӣ аст. Таҳқиқот нишон дод шоколадхурандагон камтар дучори изтироб мешаванд.

8-Шоколад ҷараёни хунро беҳбуд мебахшад.Какао хосияти  зидди банд омадани хунро дорад.Монанд ба қурс(таблетка)и аспирин амал мекунад. Ин вижагӣ ҷараёни хунро беҳбуд мебахшад.

9-Шоколад беноиро беҳтар мекунад: Шоколад хосияти беҳбуди гардиши хун , ба хусус дар мағзи сарро дорад. Муҳаққиқон баён карданд ки шоколад гардиши хун  дар шабакаи чашмро низ бештар мекунад, дар натиҷа беноии шуморо тақвият мекунад.

10-Шоколад шуморо боҳуш мекунад: Афзоиши ҷараёни хун дар мағзи сар тавассути какао ба назар мерасад инсонро бедортар ва ҳушёр кунад.