Ғизоҳои баҳрӣ бихуред, то хуб бихобед
Муҳаққиқони улуми пизишкӣ дар донишгоҳи Оксфорд эълом карданд зиёд будани мизони равғани Омега-3 дар ғизо ба беҳтар шудани хоби инсон кумак мекунад.
Муҳаққиқон бар асоси ёфтаҳои нави худ мегуянд ҳар қадар мизон равғани Омега-3 дар ғизо бештар бошад, шахс хоби беҳтаре хоҳад дошт; ба иборати дигар хурдани ғизоҳои баҳрӣ ба беҳтар шудани хоб кумак мекунад.
Муҳаққиқони донишгоҳи Оксфорд дар ин мутолиа ба муддати 16 ҳафта рӯзона 600 миллиграмм мукаммилҳои дорои Омега-3 ба 362 кудак доданд.
Дар ин мутолиа, муҳаққиқон дарёфтанд ин кудакон, ки байни ҳафт то нуҳ сол доштанд дар сурати истеъмоли миқдори зиёди Омега-3 хоби беҳтаре доранд.
Муҳаққиқон мегуянд истеъмоли равғани моҳӣ ва Омега-3 ба беҳбуди хоб ва коҳиши ихтилолоти хоб меанҷомад ва ҳамчунин сабаб мешавад шахс зудтар ба хоб равад.
Муҳаққиқон масрафи равғани моҳӣ ва Омега-3-ро барои тамоми синҳо тавсия мекунанд.