Июл 17, 2018 11:50 Asia/Dushanbe
  • Судмандии масрафи кунҷид дар дармони дарди зону

Муҳаққиқон гоҳе дармон бо маводи ғизоии табииро бисёр асарбахш ва коромадтар аз доруҳои кимиёӣ медонанд.

Ба гузориши бошгоҳи хабарнигорон, муҳаққиқон ба натиҷаҳое дар мавриди дармони дарди зону пай бурданд. Муҳаққиқон 50 нафар бо дарди артрози зонуро ба 2 гуруҳ тақсим кардаанд. Ба як гуруҳ рӯзона 2000 миллиграмм ситаномифин ва 500 миллиграмм аминоглукоза додаанд ва ба гуруҳи дигар рӯзона 40 грамм кунҷид дода шуда аст.Баъд аз 2 моҳи афроде, ки донаи кунҷид масраф карда буданд ба таври қобили таваҷҷуҳе дардашон коҳиш ёфта буд.

Муҳаққиқон дарёфтаанд, ки дар бархе мавридҳо дармон бо маводи табиӣ бисёр беҳтар ва асарбахштар аз доруҳои таскинбахш ва мухаддир аст.

Барчасп