Холкубии муваққат барои пуст зарар дорад
Созмони ғизо ва доруии Амрико ҳушдор дод холкуби(татуировка)и муваққат барои пуст бехатар нест ва ноҳинҷориҳое монанди сурхии пуст , обила , захмҳои сурх , аз дасти додани рангдонаҳоии пустӣ , афзоиши ҳассосият ба нури хуршед ва ҳатто асари захми доим ба ҳамроҳ дорад.
Ба гузориши ИРНА, ба нақл аз Юнайтед Пресс бархе ашхос тасаввур мекунанд, ки истифода аз холкубии муваққат ба далели истифода накардан аз сузан гузинаи бехатартаре нисбат ба холкубиҳои доимӣ аст. Аммо созмони ғизо ва доруии Амрико ҳушдор дод, ки бархе аз холкубиҳои муваққатӣ вокунишҳое ба дунбол дорад, ки метавонад шадид ва идомадор бошад.
Ин созмон меафзояд ин вокунишҳо метавонад билофосила баъд аз холкубӣ ё чанд ҳафта баъд аз он буруз кунад.
Биҳакти Питигара, Ҷон Гаспар-кимиёшинос ва Катрин Ҳаленгир- мутахассиси ҳамагир(эпидемия)шиносӣ, ки дар идораи маводи ороишӣ ва рангии созмони ғизо ва доруи Амрико фаъолият мекунанд эъломи карданд, ки ин созмон истифода аз ҳиноро фақат барои ранги мӯй таъйид карда ва истифода аз онро рӯи пуст ба таври мустақим таъйид намекунад.
Ба манзури тиратар кардан ранги табиии ҳино ва ҳамчунин афзоиши мизони мондагории он рӯи пуст , маводи дигаре ҳамчун Пи-Фанилндёмин низ ба он афзуда мешавад, ки барои пуст зараровар аст.
Истифода аз Пи-Фанилндёмин рӯи пӯст мумкин аст ҳассосиятҳои шадиди пустиро дар пай дошта бошад ва истифода аз ин модда дар лавозими ороишӣ дар Амрико мамнӯъ аст.