Якчанд сабаб барои истеъмоли рӯзонаи равғани моҳӣ
(last modified Sat, 17 Nov 2018 09:38:23 GMT )
Ноябр 17, 2018 14:38 Asia/Dushanbe
  • Якчанд сабаб барои истеъмоли рӯзонаи равғани моҳӣ

Бо таваҷҷуҳ ба хосиятҳои дармонии равғани моҳӣ, мутахассисони тағзияӣ тавсия мекунанд, ки аз мукаммилҳо(доруҳое, ки дар таркиби онҳо равғани моҳӣ вуҷуд дорад), ба таври рӯзона истифода шавад.

 Ба гузориши Ҳалс , масрафи мукаммилҳои равғани моҳӣ борҳо дар расонаҳоии мухталиф тавсия шуда аст, вале бисёре аз афрод далели маҳбубияти ин моддаи ғизоӣ назди пизишконро намедонанд.

Якчанд сабаб  аз муҳимтарин асароти доруии кислотаи Омега – 3-ии мавҷуд дар равғани моҳӣ ба қарори зер ҳастанд:

Масрафи кислотаи Омега – 3 хатари гирифторӣ ба бемориҳои  қалбӣ-рагӣ ва маргу мири бархоста аз ҳамалоти қалбиро коҳиш медиҳад.

Кислотаи равғании Омега – 3 аз бурузи бемориҳои заволи шинохтӣ ва махсусан фааромушхотирӣ ҷилавгирӣ мекунад.

Кислотаи равғании Омега – 3 хатари бурузи сактаи мағзи сарро ба мизони қобили таваҷҷуҳе коҳиш медиҳад.

Яке аз муҳимтарин асароти масрафи равғани моҳӣ , таъсири он бар рӯи метаболиси глюкоза аст . Ин моддаи ғизоӣ ҳассосияти бадан нисбат ба инсулинро афзоиш медиҳад ва қодир ба контроли қанди хун аст. Бо ин авсоф эҳтимоли бурузи диабети навъи 2 коҳиш меёбад.

Равғани моҳӣ чарби(равған)и хун ва ҷигарро коҳиш медиҳад ва монеъ аз амбоштагии плак ва лахта дар дохили рагҳо мешавад. Ин моддаи ғизоӣ боиси коҳиши холестрини бад ва афзоиши холистрини хуб мешавад.

Дармони бемории варами буғумҳо бо истифода аз ин моддаи ғизоӣ мумкин аст .

Бисёре аз мушкилоти пустӣ бо истифода аз равғани моҳӣ қобили дармон ҳастанд.

Бархе аз маводи ғизоии дорои Омега - 3 иборатанд аз гули кулам , моҳии озод , мейгу , донаи сойя , моҳии сардин ,чормағз, донаи катон , гандуми майдашуда, ҷави дусар

Мутахасисони тағзия пешниҳод мекунанд, ки ҳатто дар сурати масрафи 3 ё  4 бор моҳӣ дар ҳафта , ҳар рӯз аз мукаммилҳои Омега- 3 истифода шавад.