Афроди фарбеҳ мубтало ба камбуди витамини D ҳастанд
(last modified Wed, 28 Nov 2018 06:25:09 GMT )
Ноябр 28, 2018 11:25 Asia/Dushanbe
  • Афроди фарбеҳ мубтало ба камбуди витамини D ҳастанд

Яке аз мушкилоти афроди дучори вазни изофӣ , камбуди витамини D аст.

 Доктор Масъуди Мирофтоб-мутахассиси дохилӣ ва режимдармонӣ бо баёни ин матлаб гуфт: Далели камбуди витамини D дар афроди мубтало ба изофавазн , вуҷуди чарбиҳои изофа аст .

Вай афзуд: Бо афзоиши ҷазби витамини D тақсими чарбиҳои изофӣ ва дафъи онҳо аз бадан суръат мегирад .

 Вай ёдовар шуд : Бинобарин дар афроди фарбеҳ камбуди витамини-D ба далели чарбиҳои изофа, ки монеъи ҷазби муносиб витамин мешавад , мушоҳида мегардад .

Мирофтоб тасреҳ кард : Бинобарин масрафи мукаммилҳои дорои витамин D, метавонад яке аз роҳкорҳои коҳиш ва контроли вазн бошад, албатта ба шарте, ки масрафи он таҳти назари мутахассис сурат гирад.