Барои лоғар шудан ҳеч вақт дер нест
(last modified Mon, 17 Dec 2018 10:25:51 GMT )
Декабр 17, 2018 15:25 Asia/Dushanbe
  • Барои лоғар шудан ҳеч вақт дер нест

Баррасиҳои муҳаққиқони англисӣ нишон медиҳад, ки ҳеч вақт барои коҳиши вазн дер нест ва кам кардани вазни изофӣ дар ҳар замоне рӯи саломатии бадан ва саломатии системаи қалбу рагҳо асари мусбат мегузорад.

Пажуҳишгарони англисӣ таъсири коҳиши вазнро бар саломатии ашхос рӯи беш аз1200 марду зани англисӣ баррасӣ карданд ва дарёфтанд, ки ҳар чӣ мизони чарбиҳои бадан дар даврони бузургсолӣ бештар бошад , хатари гирифторӣ ба бемориҳои қалбӣ низи афзоиши меёбад.

Илова бар ин фишори хуни зиёд, афзоиши гирифтории ба диабет ва боло рафтани ғафсии девораи раги каротид, аз ҷумлаи омилҳои аслии бемориҳои дил ва сакта ба шумор мераванд.

 Мутолиоти суратгирифта нишон медиҳад ашхос дар ҳар синне, ки ба фикри коҳиши вазн ва расидан ба намояи тудаи бадании муносиб бошанд , метавонанд хатари бурузи бемориҳои  рагҳои қалбро дар дарозмуддат коҳиш диҳанд.

 Коҳиши ҳар радаи намояи тудаи баданӣ барои саломати қалб бисёр муфид аст. Намояи тудаи баданӣ дар воқеъ аз тақсими вазни фард ба килограмм ба таносуби қад ба метр муҳосиба мешавад. Адади байни 5/18 то 25 намояи табиӣ ё вазни муносиб , адади 25 то 30 изофавазн , адади 30 то 40 фарбеҳ ва адади 40 ба болои низ фарбеҳи изофӣ ё фарбеҳи хатарнокро нишон медиҳад.

 Пижуҳишгарон муътақиданд ки ҳатто коҳиши вазн ба таври муваққат низ метавонад саломати қалб ва рагҳоро бозгардонад ва фойидаҳои фаровоне ба ҳамроҳ дошта бошад . Дар ин миён риояти режими ғизоии солим ва фаъолияти бадании зиёд роҳҳои расидан ба вазни муносиб ва ҷилавгирӣ аз изофа шудани вазн дар миёнсолӣ ва аввалҳои бузургсолӣ ба шумор меравад.