Ин хурокиҳоро бихуред, то дар имтиҳонот муваффақ бошед
Акнун фасли имтиҳоноти донишомузон аст.Дар ин рӯзҳо истифода аз хурданиҳои муфид дар рутбаи дуввум баъд аз дурустии дарс хондан қарор гирифта аст.
Ба ҳамин иллат бояд аз беҳтарин хурокиҳое, ки метавонад шуморо омодаи гирифтани баҳои хуб дар ҳамаи имтиҳонҳо кунад истифода кунед. Дар идома ин хурокиҳоро барои шумо номбар мекунем:
Шир нахустин хуроке аст, ки бояд истифода кунед. Миқдори бисёри калсий дар ин модда метавонад ба Шумо кумак кунад, зеҳн ва ҳофизаи қудратманд ва дақиқ дошта бошед. Рӯзона 3 стакан шир ба ҳамаи ашхосе, ки қасди дарс хондан доранд тавсия мешавад.
Моҳӣ ва майгу(креветка) дар ҳама таҳқиқот дорои арзиш дониста шудаанд; пас бояд ҳамеша онҳоро истеъмол кунед. Пизишкон ин маводро ба иллати “Омега- 3”-и бисёри он тавсия мекунанд, ҳамчунин беҳтар аст ин хурокиҳоро ҳангоми нисфи рӯз истеъмол кунанд.
Ҷавонаи гандумро аз хотир набаред, зеро миқдори бисёри витамини E дар он вуҷуд дорад ки метавонад ба ҳофизаи шумо кумаки бисёре кунад.
Ҳамчунин аз дигар маводи менералии ин хурокиҳо метавон ба руҳ ва оҳан ишора кунем. Беҳтар аст ҷавонаи гандумро дар канори салатҳои мухталиф истифода кунед.
Дар фасли имтиҳонот бояд аз донагиҳо низ ба андозаи муносиб истифода намоед. Чормағз, бодоми заминӣ ва хурмо беҳтарин маводе ҳастанд, ки метавонад дар ин рӯзҳо аз он баҳра бибаред. Руҳ ва “Омега- 3” аз ҷумлаи маводи аслии ташкилдиҳандаи ин донагиҳо ҳастанд, ки барои ҳофиза бисёр таъсиргузор мебошанд.
Аз миёни сабзиҳое, ки бояд дар рӯзҳои имтиҳон истифода кунед метавон ба исфаноҷ ,карафс, барги пудина ва меваҳои мухталиф ишора кард.Ин кабудиҳо ва сабзиҳо агар ба сурати ҳафтаӣ масраф шаванд метавонад ба Шумо дар доштани як давраи имтиҳонии бисёр олӣ кумак кунанд.
Дар охир ҷигарро аз ёд набаред, зеро бояд ба миқдори бисёри фосфор ва витаминҳои A ва B дар он ишора кард, ки бояд ба шакли хурок ва дар канори сабзиҳои дигар масраф шавад. Ҳамчунин дар канори ҷигар метавон аз витамини C низ баҳра бибаред, то фоидаи он ду баробар шавад.