Мағзи сари дузабонаҳо дертар пир мешавад
https://parstoday.ir/tg/radio/uncategorised-i41112-Мағзи_сари_дузабонаҳо_дертар_пир_мешавад
Муҳаққиқон мегуянд ашхосе, ки ба ду забон ё бештар сухан мегуянд раванди пирии мағз дар онҳо кунд ва тавоноии истидлол(далелу мантиқ), ҳофиза, маҳоратҳои шинохтӣ ва суръати тафаккур дар онҳо ба ҳангоми пирӣ ҳифз мешавад.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Январ 21, 2019 11:31 Asia/Dushanbe
  • Мағзи сари дузабонаҳо дертар пир мешавад

Муҳаққиқон мегуянд ашхосе, ки ба ду забон ё бештар сухан мегуянд раванди пирии мағз дар онҳо кунд ва тавоноии истидлол(далелу мантиқ), ҳофиза, маҳоратҳои шинохтӣ ва суръати тафаккур дар онҳо ба ҳангоми пирӣ ҳифз мешавад.

Доктор Томас Бок-устоди донишгоҳи Эдинбург дар Шотландия ва ҳамкоронаш 853 нафарро, ки дар соли 1936 мутаваллид шуда буданд таҳти  озмоишҳои ҳуш қарор доданд.Ин озмунҳо қудрати истидлол, ҳофиза, суръати тафаккур ва дигар амалкардҳои мағзро дар ин афрод таҳти баррасӣ қарор медод.Муҳаққиқон дарёфтанд амалкарди шинохтии мағзи онҳое, ки ба ду забон ё бештар сухан мегуянд бисёр беҳтар аз афроди якзабона аст.

Бок дар ин бора гуфт: Ин ёфтаҳо бисёр қобили таваҷҷуҳ ҳастанд. Миллионҳо нафар дар саросари ҷаҳон метавонанд дар тули зиндагии худ ба дуввумин забон низ ошноӣ пайдо кунанд. Мутолиоти мо нишон дод, ки дузабона будан ҳатто дар замоне, ки дуввумин забон дар бузургсолӣ фаро гирифта шавад, барои амалкарди мағз муфид аст.