Март 31, 2019 09:04 Asia/Dushanbe
  • Ҳарфҳои насанҷида шуморо зишт мекунад

Мутолиоти донишмандон нишон медиҳад касоне, ки зиёд ҳарф мезананд ва ҳарфҳои насанҷида мезананд фикрашон кутоҳтар аст ва ин гуна ашхос аз зебоии камтаре бархурдор ҳастанд.

Ба гузориши пойгоҳи иттилоърасонии шабакаи Хабар, донишмандон бо анҷоми озмоишҳое руйи ҳазорон довталаб дарёфтанд ашхосе, ки мудом ҳарф мезананд ва ба истилоҳ пурҳарф шинохта мешаванд шакли кулии чеҳраи онҳо аз таносуби камтаре бархурдор аст ва зиёд  ҳарф задан боиси зишт шудани чеҳраи онҳо мешавад.

Баррасиҳои нави равоншиносон  нишон медиҳад, агар чи суҳбат кардан яке аз равишҳое хуб барои барқарории иртибот аст, аммо зиёд суҳбат кардан он ҳам пеши бегонаҳо боис мешавад , то ҳамсуҳбат дарки рушане аз зебоии шумо надошта бошад ва чеҳраи шуморо зудтар аз дигарон фаромуш кунад.

Натиҷаҳои мутолиот нишон медиҳад хира шудан ва нигоҳҳои амиқ ба дигарон боис мешавад онҳо ба зебоии зоҳирии шумо диққат надошта бошанд ва тасвири номушаххас ва номафҳуме аз шумо дар зеҳни худ ҳак кунанд пас саъй кунед бо зиёд ҳарф задан чеҳраи худро барои дигарон зишт накунед. 

Барчасп