Чӣ ашхосе наметавонанд рӯза бигиранд?
Ба гуфтаи як коршиноси тағзия(соҳаи хурокворӣ) гирифторон ба диабет(касалии қанд)и навъи яки вобаста ба инсулин ба ҳеч тариқе иҷозати рӯзадорӣ надоранд. Ба таври куллӣ рӯза гирифтан барои ашхоси дорои бемориҳои хос ва бо шароити хоси синнӣ низ, ки қодир ба рӯзадорӣ нестанд, тавсия намешавад.
Ба гузориши пойгоҳи итилорасонии шабакаи Хабари Садо ва Симои Эрон , Фариди Ардихонӣ бо баёни инки модарони ширдеҳ ва бордор низ набояд рӯза бигиранд , гуфт : Аз назари илмӣ ва пизишкӣ рӯзадор будани ин афрод бо таваҷҷуҳ ба рушди зиёди ҷанин ва навзод ва ниёзи онҳо ба таъмини ғизо дар кутоҳтарин замони мумкин тавсия намешавад. Ба гуфтаи ин коршиноси аршади тағзия , модарони бордор аз замони ташкили нутфа муҷоз ба рӯзадорӣ нестанд , чаро ки рушди босуръати ҷанин қобилияти ба таъхир андохтани ғизо ба иллати рӯзадориро намепазирад.Ардихонӣ дар идома бо таъкид бар инки модарони ширдеҳ дар соли нахусти ширдеҳии худ муҷоз ба рӯзадорӣ нестанд , афзуд : Дар соли дувуми ширдеҳӣ модарон дар сурати тамоюл метавонанд шароитеро эҷод кунанд, ки битавонанд рӯза бигиранд , чаро ки кӯдак дар ин син тавони хурдани ғизои кумакиро дорад.
Вай афзуд : Афрод бо бемориҳои хос низ муҷоз ба рӯзадорӣ нестанд, ки аз ҷумлаи ин афрод метавон ба гирифторон ба касалии қанд ишора кард.Ба гуфтаи ин коршиноси аршади тағзия , афроде ки мубтало ба диабети навъи дуюм(ғайривобаста ба инсулин) ҳастанд , дар суратӣ ки қодир ба танзими қанди хуни рӯзонаи худ ҳастанд метавонанд рӯза бигиранд , аммо мубталоён ба диабети навъи якум(вобаста ба инсулин) ба ҳеч ваҷҳ иҷозати рӯза гирифтан надоранд.Ардихонӣ гуфт : Мубталоён ба бемориҳои қалбӣ ва рагӣ, фишори хун , афрод бо режимҳои ғизоии хос ва монанди инҳо фақат зери назари пизишкон ва коршиносони тағзия метавонанд рӯза бигиранд.
Ба гуфтаи вай кудакон то қабл аз расидан ба сини булуғ суръати рушди зиёде доранд ва рӯзадории онҳо аз назари илмӣ ва пизишкӣ ба ҳечи унвон пазируфташуда нест , зимни инки аз назари шаръӣ ҳам рӯза гирифтан барои кудакон воҷиб нест.
Ардихонӣ бо ишора ба инки рӯзадории афроде ки рӯза гирифтан барои онҳо аз назари шаръӣ ва илмӣ ҷоиз нест метавонад ихтилолоти мондагориро дар онҳо ба вуҷуд оварад ,чунин тавсия кард : Дар сурате ки коршиносон ва соҳибназарон рӯза гирифтанро барои онҳо ташхис намедиҳанд , аз рӯзадорӣ худдорӣ кунанд .