Фоидаҳои помидор барои дармони саратони простатит
Помидор асари муҳофизатӣ ва зиддисаратонӣ дорад; ба вижа ҳангоме, ки бо донагиҳо ҳамроҳ бошад асари зидди саратони простатит дорад.
Ба гузориши гуруҳи донистаниҳои хабаргузории Форс таҳқиқоте тавассути муассисаи пизишкии Англия анҷом шуд ва муҳаққиқон озмоишҳое бар руйи 15 ҳазор мард, ки дар ҳудуди 2 ҳазор нафари онҳо ба саратони простатит мубтало буданд анҷом доданд. Муҳаққиқон бо дар назар гирифтани омилҳое монанди син ё собиқаи саратони хонаводагӣ, режими ғизоии ширкаткунандагон, ки мубтало ба саратон буданд ва онҳое, ки мубтало набудандро муқоиса карданд.
Натиҷаҳо нишон дод хурдани камаш 10 помидор дар ҳафта тақрибан 20 дарсад хатари ибтило ба саратони простатитро коҳиш медиҳад, зеро помидор асароти зиддисаратонӣ дорад ва дорои ликопин ва антиоксиди бисёр қавӣ аст.
Таҳқиқоти қаблӣ ҳам фоидаҳои помидор бар руйи саратони простатитро нишон дода буданд; таъсироти зиддисаратонии помидор ҳамроҳ бо донагиҳое монанди нахуди фарангӣ, лубиё, наск ва соя ва махсусан меваҳо ва кабудиву сабзавот бештар аст.
Ин маводи ғизоӣ боиси ба даст оварадани энержӣ мешаванд ва қудрати баданро бештар мекунанд ва боис мешаванд фаолияти баданӣ бештар шавад ва дар натиҷа ин роҳи муносиб барои пешгирӣ аз саратон аст.