Оқоён барои тақвияти аъсоби ҳамсарашон тилло бихаранд
Тилло яке аз қадимитарин филизотест, ки тавассути инсон кашф шуда ва истифода аз он дар ҷавоҳирҳо ба аввалин тамаддунҳо бармегардад.
То ба имрӯз тилло ба далели зоҳири зебое, ки дорад яке аз маҳбубтарин филизҳо дар сохти ҷавоҳирҳо будааст. Тилло на танҳо лукстарин филиз ва ҳамвора намоде аз сарват ва қудрат будааст, балки мазиятҳои шигифтангезе барои саломатӣ дорад.
Бархе аз хусусиёти дармонӣ ва доруии тилло иборатанд аз :
Асари тилло дар тақвияти асаб ва системаи ғудади дарунрез
Бархе аз хосиятҳои тилло ба беҳбуди системаи асабӣ ва ҳамчунин системаи ғудади дарунрез кумак мекунад. Мутолиоти анҷом шуда дар ин замина асарбахшии бисёр зиёди ин филизро ҳангоми мутолиаи бемороне, ки аз тилло ва ҷавоҳир истифода мекунанд, нишон додааст.
Тилло дамои баданро танзим мекунад
Бисёре аз ашхос ҳамеша бо ларз ва дигар мушкилоти бадан, ки бархоста аз тағйир дар дамои бадан аст, меҷанганд. Тилло як роҳи ҳали маҳбуб барои муқобила бо чунин мушкилоте аст, зеро ба таври табиӣ дамои баданро танзим мекунад. Ба унвони мисол заноне, ки ёисагиро пушти сар мегузоранд дучори ларз дар бадан мешаванд. Пушидани ҷавоҳирҳое, ки дар сохти онҳо тилло ба кор рафтааст метавонад дар дармони ин мушкил ба онҳо кумаки зиёде кунад.
Аз замонҳои дур ҳангоме, ки хавоси дармонии тилло ошкор шуд, аз ин филиз ба шакли табиии худ барои дармони дарду захм истифода мекарданд. Таҳқиқот нишон додааст. ки ин филиз монеъ аз уфунат шуда ва ба беҳбудии минтақаи захм кумак мекунад.
Асари тилло бар дармони афсурдагиҳои руҳӣ
Агар ҳамеша эҳсоси афсурдагӣ мекунед, тилло метавонад ба шумо дар беҳбуди ин ҳолат кумак кунад, зеро ин филиз иртиошоти гарм ва таскиндиҳандаеро фароҳам мекунад, ки рагҳои хунии шуморо суст карда ва тавзеи оксигенро ба селулҳо тақвият мекунад ва сатҳи энержии шуморо боло мебарад. Бо афзоиши ҷараёни оксиген дар бадан тилло ба ҳар қисмат аз бадан кумак мекунад амалкарди беҳтаре дошта бошад. Гардиши хуни хуб бархоста аз таъсири ин филиз асари муҳиме дар пешгирӣ аз бемориҳо дорад ва ин яке аз далелҳое аст, ки имрӯза бисёре аз ашхос ҷавоҳири тиллоро мустақиман бар руи пусти худ мепушанд.
Тилло нишонаҳои остеоартритро таскин медиҳад
Ашхосе, ки остеоартрит доранд дарди зиёде мутаҳаммил мешаванд, ки истифода аз ангуштони пойҳоро барои онҳо ғайримумкин мекунад. Пушидани тиллои 24 айёр дар тамос бо пуст хосияти таскиндиҳандае дорад ва нишонаҳои номатлуби муртабит бо остеоартритро коҳиш медиҳад. Маркази миллии иттилоот ин тавсияро ба унвони як роҳи ҳалли олӣ барои ашхосе, ки дучори остеоартрит ҳастанд пешниҳод мекунад.
Коҳиши стресс ва изтироб
Пушидани ҷавоҳирҳои дорои тилло метавонад бар стресс ва изтироб ғалаба кунад. На танҳо нигоҳ кардан ба тилло чунин асаре дорад, балки истифода аз он худбоварии шуморо ҳам тақвият мекунад, дар воқех ҷавоҳирҳои дорои тилло саломати отифии шуморо тақвият мекунанд.