Ҷустуҷу
-
Май 21, 2017
Ҳафтоду шашумин солрӯзи таваллуди шоири муосири Тоҷикистон Лоиқ Шералӣ бар сари мазораш дар оромгоҳи Лучоби шаҳри Душанбе бо ҳузури сафири Эрон дар Тоҷикистон баргузор шуд.
-
Май 20, 2017
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон иллати парвоз накардани ҳавопаймоҳои ширкати "Сомон-Эйр" дар масири Душанбе-Тошкандро набуди теъдоди кофии мусофирон ном бурдааст.
-
Май 20, 2017
Боздошти кормандони Ожонси мубориза бо фасоди молии Тоҷикистон, тавзеҳи вазири тандурустӣ дар бораи рушди амали пайванди аъзо, иддаои ҷадиди Чин бар ҳаққи моликият бар бахшҳое аз хоки ин ҷумҳурӣ, дидгоҳҳо дар заминаи интихоби аъзои Фарҳангистони улуми Тоҷикистон ва итихоботи раёсати Ҷумҳурии исломии Эрон аз муҳимтарин мавзӯоти ҳафтаномаҳои чопи Душанбе аст.
-
Май 19, 2017
Сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон аз мизони ҳузури эрониёни муқими ин кишвар ибрози ризоият кард.
-
Май 17, 2017
Дар шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон маросими муаррифии ширкати ҳавопаймоии Чини ҷанубӣ ё “Чайна Сотерн Айрлойн” баргузор шуд.
-
Май 14, 2017
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ҳафтаи гузашта бо имзои тарҳе нақшаи ҷадиди шаҳри Душанберо тайид кардааст, ки бар асоси он қаламравии пойтахти Тоҷикистон се баробар афзоиш хоҳад ёфт.
-
Май 14, 2017
50 донишҷӯи тоҷикистоние, ки мебоист, дар моҳи январи имсол бар асоси саҳмияи ихтисосии давлати Арабистони Саудӣ барои омӯзиш дар донишгоҳҳои ғайри мазҳабии ин кишвар эъзом мешуданд, билотаклиф мондаанд.
-
Май 14, 2017
Шаҳрдории Душанбе аз қатъи об ба муддати чаҳор рӯз, ба таври муваққат дар се ноҳияи ин шаҳр ба далели бозсозии шабакаи обрасонӣ хабар додааст.
-
Май 12, 2017
Зиёратшоҳи Аҳмадшоҳ: Таҷлил аз солгарди пирузӣ дар Ҷанги Ҷаҳонии Дувум, идомаи қазияи боздошти мақомоти Ожонси зидди фасоди Тоҷикистон, натоиҷи афви муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия ва ба синни 80 расидани Ҳошим Гадо, коргардон ва ҳунарманди саршиноси синамо ва театри тоҷик аз мавзӯъҳои меҳварии матолиби нашрияҳои чопи ин ҳафтаи Душанбе аст.
-
Май 12, 2017
Маросими Ҷашни нимаи шаъбон ва фархунда милоди Имоми замон бо ҳузури ошиқони аҳли байти исмат ва таҳорат (а) дар сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон баргузор шуд.
-
Май 10, 2017
Бо онки ҳукумати Тоҷикистон эълом карда буд, роҳпаймоии Полки ҷовид дар Душанбе ба муносибати рӯзи 9 май (рӯзи пирӯзии Шӯравӣ бар Олмони нозӣ) ба далоили мулоҳизотӣ баргузор намешавад, аммо рӯзи гузашта ин маросим бо посдошти кушташудагони тоҷик дар набард бо Олмони нозӣ баргузор шуд.
-
Май 09, 2017
Зиёратшоҳи Аҳмадшоҳ: Рӯзи сешанбе, 9-уми май бо ҳузури Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар боғи "Ғалаба"-и шаҳри Душанбе маросими ёдбуди 72-юмин солгарди пирӯзӣ ба Олмони нозӣ дар Ҷанги Ҷаҳонии Дувум баргузор шуд.
-
Май 07, 2017
Ҷашнвораи мошинҳои куҳна дар шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон баргузор шуд.
-
Май 07, 2017
Сафири Англия дар Тоҷикистон гуфт, манозири зебои табиат ва меҳмоннавозии мардуми Тоҷикистон ҳарчи бештар гардишгаронро ба худ ҷалб мекунад.
-
Май 05, 2017
Бозтоби боздоштҳои ахир дар Ожонси зидди фасоди Тоҷикистон, мушкилоти бонкҳо ва хатароти таблиғоти салафиҳову ғарбиҳо аз мавзӯоти аслии мавриди баҳс дар матбуоти чопи Душанбе аст.
-
Apr 29, 2017
Рӯзи ҷумъаи 28-уми апрел чандин тарҳи умронӣ тавассути Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон дар Душанбе ифтитоҳ шуд.
-
Apr 28, 2017
Зиёратшоҳи Аҳмадшоҳ: Нашрияҳои чопи Душанбе ин ҳафта асосан ба мавзӯи боздоштҳои ахири мақомоти Ожонси мубориза бо фасоди молии Тоҷикистон пардохтаанд.
-
Apr 21, 2017
Дар як маросим дар шаҳри Душанбе аз нусхаи баргардоншудаи китоби "Гулистон"-и Саъдӣ ба хати сириллик рӯнамоӣ шуд. Кори таҳия ва баргардони ин асари арзишмандро Обид Шакурзода, рӯзноманигор ва пажуҳишгари тоҷик анҷом додааст.
-
Apr 21, 2017
Мавзӯи кушта шудани Гулмурод Ҳалимов, баргузории намоишгоҳи бозаргонии Тоҷикистону Узбакистон дар Душанбе ва коҳиши эътимоди мардуми Тоҷикистон ба бонкҳои ин кишвар аз муҳимтарин мавзӯъҳои нашриёти ин ҳафтаи чопи Душанбе аст.
-
Apr 17, 2017
Нахустин ярмаркаи маҳсулоти саноатии 160 корхонаҳои Узбакистон имрӯз дар шаҳри Душанбе ба кор шуруъ кард.