Май 14, 2017 09:56 Asia/Dushanbe
  • 50 донишҷӯи тоҷик мунтазири иҷрои тавофуқи Душанбе- Риёз

50 донишҷӯи тоҷикистоние, ки мебоист, дар моҳи январи имсол бар асоси саҳмияи ихтисосии давлати Арабистони Саудӣ барои омӯзиш дар донишгоҳҳои ғайри мазҳабии ин кишвар эъзом мешуданд, билотаклиф мондаанд.

Ба гузориши сойти Топ Тҷ, дар ҳоле, ки соли таҳсилӣ рӯ ба поён аст, 50 донишҷӯи тоҷикистонии пазириш шуда бар асоси саҳмияи давлати Арабистон, барои таҳсил дар донишгоҳҳои ғайримазҳабии ин кишвар муддати панҷ моҳ аст, ки натавонистаанд ба Арабистон сафар кунанд.

Исматуллоҳ Шодиев- масъули бахши равобити байналмилалии Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон мегӯяд, дар асл 9 моҳ аст, ки ин мавзуъ ҳалли худро наёфта ва таклифи ин 50 донишҷӯ, ба далели норавшан будани судури муҷаввиз ва раводиди сафари онҳо, номаълум аст.

Вай таъкид кардааст, ки тарафи Саудӣ иттилооти комили ин афродро дархост карда буд, ки Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ин мадорикро дар ихтиёри сафорат Арабистон дар Душанбе қарор дод.

Ба гуфтаи Шодиев, ҳатто Сироҷиддин Аслов, вазири умури хориҷаи Тоҷикистон дар дидор бо сафири Арабистон дар Душанбе ин мавзуъро матраҳ кард, аммо Абдулазиз бин Муҳаммад ал Бодӣ- сафири Арабистон гуфт, ки мунтазири дарёфти муҷаввизи давлаташ дар ин замина аст.

Бар асоси тавофуқе, ки дар сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ба Арабистон бадаст омад, давлати Риёз бо омӯзиши 50 донишҷӯи тоҷик дар донишгоҳҳои ғайримазҳабии ин кишвар мувофиқат карда буд.

Бар асоси ин барнома, донишҷӯёни тоҷик мебоист, давраи шашмоҳаи пешдонишгоҳиро барои фарогирии забони арабӣ мегузаронданд ва пас аз он, вориди донишгоҳҳои Арабистон мешуданд.

 

Барчасп