Ҷустуҷу
-
Nov 29, 2023
Дар ҷаласаи 10- уми Кумитаи ҳамкории Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо дар шаҳри Брюссел ҷонибҳо барои афзоиш додани маблағгузории лоиҳаҳои афзалиятноки Тоҷикистон ба мувофиқа расиданд
-
Nov 02, 2023
Сироҷуддини Меҳруддин-вазири умури хориҷаи Тоҷикистон дар конфронси вазирони умури хориҷаи кишварҳои Осиёи Миёна ва дабири кулли Созмони амният ва ҳамкории Аврупо дар Ашқобод суханронӣ кард.
-
Oct 28, 2023
Сарони Иттиҳодияи Аврупо дар нишасте дар Брюссел бе он ки ҷиноёти режими саҳюнистиро дар куштори ғайрнизомёни Ғазза маҳкум кунанд, дархости оташбаси муваққатро матраҳ карданд.
-
Oct 12, 2023
Ҳасан Султон шоир ва донишманди тоҷик узви вобастаи академияи миллии улуми Тоҷикистон ба далели силсилаи таҳқиқоти худ дар мавриди зиндагӣ ва осори Абурайҳони Берунӣ ҷоизаи бунёди насхаи хаттии фарҳангии Аврупо дар соли 2023-ро дарёфт кард.
-
Oct 10, 2023
Иттиҳодияи Аврупои 7 миллионн евра барои иҷрои стратегияи тавсеаи омузиш дар Қирғизистон ба унвони қарзи ройгон ихтисос дод.
-
Sep 19, 2023
Ҳамзамон бо баргузории нишасти маҷмаъи умумии Созмони Милал дар Ню-Йорк Иттиҳодияи Аврупо эълом кард, ки ақибнишини аз ҳуқуқи занон дар Афғонистон пазируфтани нест.
-
Sep 18, 2023
Вазорати умури хориҷаи Туркия бо интишори баёнияе гузориши ахири Порлумони Аврупоро, ки рӯзи 13 сентябр мунташир шуд, пур аз иттиҳомоту пешдовариҳои ноодилона ва муттакӣ бар гузоришҳои нодуруст тавсиф кард.
-
Sep 15, 2023
Сухангӯи Вазорати хориҷаи Русия тасмими Комисияи Аврупо ҷиҳати ҷилавгирӣ аз вуруди васоили шахсии мусофирони рус ба Иттиҳоди Аврупоро тасмиме нажодпарастона донист.
-
Sep 03, 2023
Раиси идораи хати оҳани Афғонистон гуфт, такмили хати оҳани Хоф - Ҳирот барои Афғонистону Эрон бисёр муҳим аст, зеро ду кишвар аз ин тариқ ба Аврупо ва Уқёнуси Ҳинд муттасил мешавад.
-
Aug 31, 2023
Маркази матбӯотии Вазорати умӯри хориҷаи Тоҷикистон аз дидори раиси ниҳоди дипломатии ин кишвар бо раиси дафтари барномаҳои Созмони амнияту ҳамкории Аврупо дар Душанбе хабар дод.
-
Aug 28, 2023
Дар дидори сафири Туркманистон дар Брюссель бо Дабири анҷумани таҳқиқоти энержии Аврупо, роҳҳои тавсиъаи бештари равобит дар заминаи энержи баррасӣ шуд.
-
Aug 24, 2023
Вазири хориҷаи Тоҷикистон бо раиси дафтари Иттиҳодияи Аврупо дидор кард.
-
Aug 14, 2023
Раҳбари котоликҳои ҷаҳон расидагӣ ба вазъияти муҳоҷирон дар Аврупоро хостор шуд.
-
Aug 12, 2023
Раиси маҷлиси Сенати Узбекистон бо раиси Созмони амнияту ҳамкории Аврупо, вазири умӯри хориҷаи Мақдунияи шимолӣ дидору гуфтугу кард.
-
Aug 06, 2023
Мақомоти Узбакистон ва намояндагони созмони амният ва ҳамкории Аврупо дар нишасти дар Тошканд вазъияти Афғонистонро барраси карданд.
-
Jul 22, 2023
Шӯрои Аврупо 20-уми июл Абдулҳаким Ҳақонӣ раиси Девони олӣ, Абдулҳаким Шаръи вазири додгустари ва Мавлавӣ Ҳабибуллоҳ Оғо сарпарасти Вазорати маориф дар давлати мувақати Толибонро ба далели нақшае, ки дар маҳрум кардани духтарон аз омӯзиш, таҳсил ва ҳуқуқи баробар бо мардон ифо кардаанд, таҳрим кард.
-
Jul 05, 2023
Вазири умури хориҷаи Эрон дар гуфтугуи телефонӣ бо масъули сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо бар лузуми муқобилаи ҷидди ва муассир Аврупо бо анвоъи исломҳароси таъкид кард.
-
Jul 04, 2023
Вазири умӯри хориҷаи Тоҷикистон дар чорчӯби сафари худ ба Люксембург бо Дэвид Мак Аллистер-раиси Кумитаи муносиботи байналмилалии Порлумони Аврупо дидор ва бо вай масоили ҳамкории Тоҷикистон бо Порлумони Аврупо, мавзӯъоти марбӯт ба тавсеаи бештари равобити байнипорлумонӣ ва дастури кори таъомули дуҷонибаро баррасӣ карданд.
-
Jun 24, 2023
Намояндаи Иттиҳодияи Аврупо дар Фаластин, кӯштори фаластиниҳоро аз соли 2005 то кунун бесобиқа хонд ва гуфт ончӣ шаҳракнишинон дар рустои "Термесъиё" анҷом доданд як иқдоми террористӣ аст.
-
Jun 20, 2023
Сухангуи Вазорати умури хориҷаи Эрон дар вокуниш ба фоҷеъаи ғарқи шиновари ҳомили чансад паноҳҷу дар обҳои Мидитарона таъкид кард муҳоҷиратҳои ғайриқонунии ба ғарб реша дар сиёсатҳои ғалати Амрико ва Аврупо дорад.