Ноябр 02, 2023 17:36 Asia/Dushanbe
  • Вазири умури хориҷаи Тоҷикистон хостори тақвияти амният дар минтақаи Созмони амният ва ҳамкории Аврупо шуд

Сироҷуддини Меҳруддин-вазири умури хориҷаи Тоҷикистон дар конфронси вазирони умури хориҷаи кишварҳои Осиёи Миёна ва дабири кулли Созмони амният ва ҳамкории Аврупо дар Ашқобод суханронӣ кард.

Ба гузориши Спутник, ин хабарро дафтари матбуотии Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон эълом кард.

 Зикр шудааст, ки Сироҷуддини Меҳруддин дар ҷараёни суханронии худ мавзеъи Тоҷикистон дар заминаи ҳамкорӣ дар чорчуби се соҳаи низомӣ-сиёсӣ, иқтисодӣ- зистмуҳитӣ ва башардӯстонаи Созмон амният ва ҳамкории Аврупоро ба ширкаткунандагон дар ин маҷмаъ баён кард.

Ин вазоратхона афзуд, вай ҳамчунин бар лузуми андешидани тадбирҳои муштарак барои тақвияти амният дар минтақаи Созмони амният ва ҳамкории Аврупо таъкид кард.

 Ёдовар мешавем Сироҷуддини Меҳруддин дар моҳ ҷорӣ дар нишасти взирони хориҷаи кишварҳои Осиёи Миёна ва Иттиҳодияи Аврупо суханронӣ кард ва вазирон дар мавриди сатҳи кунунии ҳамкориҳо дар минтақа ва чашмандози он гуфтугӯ карданд.

 

 бештар бихонед:

 

 

Барчасп