Ноябр 02, 2023 11:58 Asia/Dushanbe
  • Вазири хориҷаи Тоҷикистон дар ҳошияи сафар ба Туркманистон, бо вазири хориҷаи Кореяи Ҷанубӣ дидор кард
    Вазири хориҷаи Тоҷикистон дар ҳошияи сафар ба Туркманистон, бо вазири хориҷаи Кореяи Ҷанубӣ дидор кард

Вазирони умури хориҷаи Тоҷикистон ва Кореяи Ҷанубӣ бар густариши равобити тиҷорӣ, иқтисодӣ, илмӣ ва фаннӣ таъкид карданд.

Сироҷиддини Муҳриддин, вазири умури хориҷаи Тоҷикистон барои ширкат дар нишасти вузарои умури хориҷаи Осиёи Марказӣ бо дабири кулли Созмони амният ва ҳамкории Аврупо ва ҳамчунин шонздаҳумин Маҷмаи ҳамкории Осиёи Марказӣ ва Кореяи Ҷанубӣ ба Ишқобод сафар кардааст.

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, вазири умури хориҷаи Тоҷикистон дар ҳошияи сафар ба Туркманистон, бо Пак Ҷейн, вазири умури хориҷаи Кореяи Ҷанубӣ дидор кард.

Мақомоти Тоҷикистону Кореяи Ҷанубӣ барои афзоиши равобити байнипорлумонӣ ва сармоягузориҳои муштарак ва густариши ҳамкорӣ дар заминаи саноат, энержӣ, фарҳанг, гардишгарӣ, муҳоҷирати неруи корӣ ва афзоиши таомул дар чорчӯби созмонҳои байналмилаливу минтақаӣ ибрози тамоюл карданд.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп