Ҷустуҷу
-
Sep 14, 2021
Нахустин сафари хориҷии Саидиброҳими Раисӣ, раиси Ҷумҳури Исломии Эрон ҷиҳати ширкат дар иҷлоси Шанхай дар авохири шаҳривармоҳ ба кишвари Тоҷикистон хоҳад буд, аз ин рӯ зарурӣ аст, таъомулоти сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва иҷтимои ду кишвар дар солҳои ахир пеш аз ин сафар ва бо ҳадафи барномарезӣ ҷиҳати иртиқои равобити дуҷониба мавриди баррасии дақиқтаре қарор гирад.
-
Sep 14, 2021
Вазорати тандурустии Тоҷикистон эълом кард, барои бори нахуст тайи 4 моҳи ахир дар шабонарӯзи гузашта, мавриди ҷадиди ибтило ба бемории Ковид -19 дар ин кишвар шиносоӣ нашуд.
-
Sep 13, 2021
Бонки Ҷаҳонӣ мегӯяд, содироти сангҳои қиматбаҳо ва сармоягузории бахши хусусӣ дар Тоҷикистон афзоиш ёфтааст.
-
Sep 13, 2021
Вазорати тандурустии Тоҷикистон хабар дод, ки дар як шабонарӯзи охир дар кишвар 9 беморони дигари коронарӣ муайян карда шуданд.
-
Sep 13, 2021
Сармураббии тими Персполис эълом кард, ки омодаи баррасии пешниҳоди сармураббигарии тим(даста)и миллии футболи Тоҷикистон мебошад .
-
Sep 13, 2021
Ахиран нархи як тон алюминий дар бозори ҷаҳонӣ ба 2 ҳазору 774 доллар расид, ки қаблан 2 ҳазор доллар буд ва ин мавзӯъ умедворӣ дар Тоҷикистон барои касби даромади молии бештар аз содироти ин маҳсулро ба вуҷуд овардааст.
-
Sep 12, 2021
Туркманистон баъди чаҳор соли мамониат дар оғози моҳи сентябр ба гузаштани вагонҳои борбари Тоҷикистон аз қаламрави ин кишвар иҷоза дода, аммо роҳро ба рӯйи мошинҳо пурра накушодааст.
-
Sep 12, 2021
Дастаи Тоҷикистон 14 нишони рангоранг дар бозиҳои кишварҳои ИДМ ба даст овард .
-
Sep 12, 2021
Капитани дастаи "Эстеглал Тоҷикистон" гуфт: "Онҳо аз шогирдони Яҳё Голмуҳаммадӣ наметарсанд ва талош хоҳанд кард, ки Персеполисро мағлуб кунанд."
-
Sep 12, 2021
Истиқлоли Тоҷикистони сешанбешаб дар ҳоле мизбони Персполиси Эрон аст, ки ҳануз норушаниҳое дар бораи вазъияти маҳалли баргузории ин мусобиқа вуҷуд дорад .
-
Sep 12, 2021
Вазорати тандурустии Тоҷикистон эълом кард 10 бемори коронаии дигар дар 24 соъати гузашта дар ин кишвар шиносоӣ шуд.
-
Sep 12, 2021
Бурҷи 121 метрии шаҳри Душанбе дар солрӯзи Истиқлоли Тоҷикистон ифтитоҳ нашуд.
-
Sep 12, 2021
Русия таҷҳизоти низомӣ ба Тоҷикистон ирсол кард .
-
Sep 11, 2021
Сармураббии тими футболи «Истиқлол» -и Тоҷикистон дар остонаи бозӣ бо «Персеполис» -и Эрон иваз шуд.
-
Sep 11, 2021
Дар ноҳияи Лахш сели азими пиряхӣ маҷрои дарёи Сурхобро дигар кард.
-
Sep 11, 2021
Донишгоҳи байналмилалии сайёҳии «Роҳи Абрешим»-и Узбекистон барои шаҳрвандони Тоҷикистон 4 гранти таҳсилӣ ҷудо намуд.
-
Sep 11, 2021
Сафири Тоҷикистон дар Кобул бо роҳбари Намояндагии Созмони Милали Муттаҳид дар Афғонистон мулоқот кард.
-
Sep 11, 2021
Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон, рафторҳои гурӯҳи Толибонро пас аз ба қудрат расидан дар Афғонистон муғойир бо усӯли дини Ислом донист.
-
Sep 11, 2021
Вазири умури хориҷаи Эрон бо ирсоли паёме ба вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Тоҷикистон фаро расидани 30 -умин солгарди истиқлоли ин кишварро ба давлату миллати дӯсти Тоҷикистон самимона табрик гуфт.