Сентябр 14, 2021 10:16 Asia/Dushanbe
  • Шиносоӣ нашудани мавриди ҷадиди мубталоён ба Ковид - 19 дар Тоҷикистон

Вазорати тандурустии Тоҷикистон эълом кард, барои бори нахуст тайи 4 моҳи ахир дар шабонарӯзи гузашта, мавриди ҷадиди ибтило ба бемории Ковид -19 дар ин кишвар шиносоӣ нашуд.

Теъдоди мубталоён ба корона дар Тоҷикистон то кунун ба 17 ҳазору 84 нафар расида, ки аз ин теъдод 16 ҳазору 948 нафар беҳбуд ёфтаанд.

Теъдоди фавтшудагони беморони корона бидуни сабти мавриди ҷадид ҳамон 124 нафар аст.

То 14 сентябри соли ҷорӣ 2 миллиону 168 ҳазору 537 нафар дозаи нахуст ва 1 миллиону 278 ҳазору 240 нафар дозаи дувуми онро дар Тоҷикистон дарёфт кардаанд.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп