Ҷустуҷу
-
Jan 24, 2017
Раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон аз Арабистони Саудӣ хост то дар нерӯгоҳи обии “Роғун” сармоягузорӣ кунад.
-
Jan 24, 2017
Раиси Бонки миллии Тоҷикистон аз афзоиши 37 дарсадии захоири тиллои ин кишвар дар соли гузашта хабар дод.
-
Jan 24, 2017
Таҳлилгари қирғизи масоили марзии Осиёи Марказӣ муътақид аст, ки танҳо роҳи ҳалли поён додан ба ихтилофоти марзии ин кишвар ва Тоҷикистон таъйини хутути марзии дуҷониба аст.
-
Jan 23, 2017
“Агроинвестбонк”, бо ҳадафи коҳиши хароҷот ва беҳбуди вазъи моли ҳудуди 800 корманди худро аз кор хориҷ хоҳад кард.
-
Jan 23, 2017
Раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар идомаи тағйироти кадрӣ дар кобинаи давлати ин кишвар, Шералӣ Ганҷалзодаро аз мақоми вазири нақлиёт барканор ва ба вазифаи муовини ҳамин вазорат таъйин кардааст.
-
Jan 23, 2017
Президенти Тоҷикистон як гурӯҳ кадрҳои дар Дастгоҳи иҷроияи президент, вазорату идораҳо ва муассисаҳои ҷумҳуриявӣ ба вазифаҳои роҳбарикунанда таъйиншударо ба ҳузур пазируфтанд.
-
Jan 22, 2017
Хуршед Каримзода, муовини аввали сардори Хадамоти гумруки Тоҷикистон чанд рӯзи пеш дар нишасти хабарӣ аз таъхир дар пайвастани Тоҷикистон ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё хабар дод ва эълом кард, ки ин мавзӯъ ниёз ба баррасиии бештаре дорад ва бояд абъоди мусбату манфии онро ба диққат мутолиа кард.
-
Jan 22, 2017
Раиси танҳо Донишкадаи исломии Тоҷикистон аз коҳиши ду баробарии довталабони омӯзиши улуми исломӣ дар ин марказ хабар дод.
-
Jan 21, 2017
Мақомоти Тоҷикистон қасд доранд барои таъмини кор барои коргарони муҳоҷири ин кишвар дар хориҷ аз Тоҷикистон, фурсатҳои ҷадиди шуғлӣ эҷод кунанд.
-
Jan 21, 2017
Вазири умури дохилии Тоҷикистон гуфт, беш аз 10 ҳазор шибҳинизомӣ дар марзи Афғонистон бо Тоҷикистон ҳузур дорад.
-
Jan 21, 2017
Раиси парлумони Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз дар садри ҳайате ба Арабистони Саудӣ сафар мекунад.
-
Jan 21, 2017
Тоҷикистон аз ЮНЕСКО хостааст, ки гулдӯзии чакан, бозии қадимии чавгон ва матои атласро дар “Феҳрасти мероси ҷаҳонӣ”-и ин созмон сабт кунад.
-
Jan 21, 2017
Сафири Туркаманстан дар Душанбе аз баргузории иҷлоси Комиссияи муштараки ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷории ин кишвар ва Тоҷикистон дар авохири моҳи январи ҷорӣ, дар Ашқобод хабар дод.
-
Jan 20, 2017
Рамазон Раҳимзода, вазири умури Тоҷикистон имрӯз дар нишасти хабарии ин ниҳод дар шаҳри Душанбе гуфт, соли гузашта дар Тоҷикистон аз 36 амалиёти террористӣ пешгирӣ карда шуд.
-
Jan 20, 2017
Артиши Русия рӯзи ҷумъа дар баёнияе эълом кард, нерӯҳои артиши ин кишвар, мустақар дар пойгоҳи низомии Тоҷикистон размоиши мубориза бо терроризмро баргузор карданд.
-
Jan 19, 2017
Дар соли 2016 мақомоти муҳоҷирати Тоҷикистон 204 шаҳрванди хориҷиро ба далели нақзи муқаррароти будубош дар ин кишвар ихроҷ кардаанд. Аксари хориҷиҳои машғули кор дар Тоҷикистонро шаҳрвандони Чин ташкил медиҳанд.
-
Jan 19, 2017
Дар соли 2016 204 шаҳрванди хориҷӣ ба далели нақзи муқаррароти қонуни иқомат дар Тоҷикистон аз ин кишвар ихроҷ шудаанд.
-
Jan 19, 2017
Вазири кишоварзии Тоҷикистон пешбини кард, имсол тавлиди пахта дар ин кишвар афзоиш ёбад.