Январ 24, 2017 11:11 Asia/Dushanbe
  • Роҳҳалли  поён додан ба ихтилофоти марзии Тоҷикистон ва Қирғизистон

Таҳлилгари қирғизи масоили марзии Осиёи Марказӣ муътақид аст, ки танҳо роҳи ҳалли поён додан ба ихтилофоти марзии ин кишвар ва Тоҷикистон таъйини хутути марзии дуҷониба аст.

Ба гузориши “Спутник”, дар пайи муноқишаи ахири сокинони навоҳии назди марзи Исфараи Тоҷикистон ва Ботканди Қирғизистон, ки дар он хисороте ба манозили маскунӣ ва амволи сокинон ворид шудааст, Эҳсон Шошкориев бар зарурати аломатгузории ҳар чӣ зудтари манотиқи мавриди ихтилофи ин ду ҷумҳурии ҳамсоя таъкид кард.

 Ин коршиноси қирғиз бо ишора ба сабти танҳо 6 мавриди муноқишаи марзӣ дар ин минтақа дар соли 2016 гуфтааст, ки дар 2 соли ахир мизони даргирӣ ва муноқишоти марзии сокинони рустоҳои Исфараи Тоҷикистон ва Ботканди Қирғизистон ба таври қобили мулоҳизае коҳиш ёфтааст, зеро мардум ба ин натиҷа расиданд, ки бо идомаи музокирот барои таъйини ҳудуди марзӣ ихтилофоти ду кишвар поён хоҳад ёфт.

Эҳсон Шошкориев баён кард, сокинони рустоҳои ҳаммарзи навоҳии Исфараи Тоҷикистон ва Ботканди Қирғизистон ба хотири манофеи иқтисодии худ ба ҳеҷ унвон хоҳони идомаи ихтилофот ва вахомати авзои марзӣ дар ин минтақа нестанд.

 Вай бо ишора ба қочоқи сӯхт, ангишт ва масолеҳи сохтмонӣ аз Қирғизистон ба Тоҷикистон ва интиқоли ҳайвонҳои хонагӣ ва колоҳои санъатӣ ва хушкмева аз он сӯ таъкид кард, ки ба эҳтимоли зиёд даргирҳои гоҳу бегоҳе дар ин манотиқ кори афрод ё гурӯҳҳое аст, ки дар пайи касби саҳму суди бештар аз қочоқи коло байни ин ду кишвари ҳамсоя ҳастанд.

Мақомоти Тоҷикистон ва Қирғизистон мегӯянд, ҳамакнун авзоъ дар марзи миёни шаҳристонҳои Исфараи Тоҷикистон ва Ботканди Қирғизистон ором шуда ва ҳудуди 100 нафар аз мақомоти полис ва марзбони ду кишвар бар авзои ин бахш аз марз назорат мекунанд.

Бо гузашти 25 сол аз музокироти мақомоти Душанбе ва Бишкек раванди аломатгузории марзии Тоҷикистон ва Қирғизистон то ҳол ба поён нарасида ва аз 970 километр марзи муштарак миёни ин ду кишвар то имрӯз танҳо бар сари аломатгузории ҳудуди 520 километр тавофуқ шудааст.

 

Барчасп