Коргардон ва тадвингари эронӣ бо филми дар бораи Мавлавӣ барандаи ҷавоизи ҷашнвораи Чикаго шуданд
(last modified Mon, 07 Oct 2024 04:27:45 GMT )
Октябр 07, 2024 09:27 Asia/Dushanbe
  • Коргардон ва тадвингари эронӣ бо филми дар бораи Мавлави барандаи ҷавоизи ҷашнвораи Чикаго шуданд
    Коргардон ва тадвингари эронӣ бо филми дар бораи Мавлави барандаи ҷавоизи ҷашнвораи Чикаго шуданд

Порстудей-ҷавонони эронӣ ҷоизаи беҳтарини коргардон ва беҳтарин тадвингари ҷашнвораи байналмилалии Чикагоро аз он худ карданд.

Ромини Ҳусайнпур коргардон, нависанда ва таҳиякунанда эрони филми кутоҳи "Суратгар" барандаи ҷоизаи беҳтарин коргардони филми кутоҳ аз ҷашнвораи "Crown Point International Film Festival CPIFF" шуд. Эҳсони Восиқи низ барандаи беҳтарини тадвин барои ин филм шуд .

Ба гузориши Порстудей ин ҷашнвора ки чиҳилупанҷумин давраи худро пушти сар гузошт дар намоиши солонае ки се моҳи дигар баргузор мешавад, ҷоизаи нақди ва ҷоизаи тарофи нишони "зафар"ро ба барандаи сол медиҳад ва ба муддати як ҳафта филмҳои баранда бар пардаҳои синамои шаҳри Чикаго ба намоиш дармеоянд .

Филми мустанади кутоҳи эронӣ "Суратгар" дар бораи зиндагиномаи Мавлоно шоири барҷастаи эронӣ (1207 то 1273 милодӣ) ва Шамси Табрезӣ аз орифони машҳури Эрон (1185 то 1247 милодӣ) ва бар асоси достон ва ривояти воқеи сохта шуда аст.