Ибрози тамоюли подшоҳи Баҳрайн барои ҳузур дар Эрон
Вазири умури хориҷаи Эрон зимни ибрози ризоият аз дидор бо подшоҳи Баҳрайн, аз лузуми талошҳои ҷиддии кишварҳои минтақа барои таваққуфи ҷиноёту наслкушии режими саҳюнистӣ гуфт ва хостори тавсеаи равобити ду кишвар шуд.
Вазири умури хориҷаи Эрон душанбешаб бо истиқболи оқои Абдуллатиф бин Рошид Зайёнӣ, вазири умури хориҷаи Баҳрайн вориди шаҳри Манома - пойтахти ин кишвар шуд.
Оқои Ироқчӣ дар аввалин дидори худ дар Баҳрайн ба Кохи подшоҳии Баҳрайн рафту мавриди истиқболи оқои Ҳамд бин Исо бин Салмон оли Халифа - подшоҳи Баҳрайн қарор гирифт.
Ҳамд бин Исо бин Салмон оли Халифа дар ин дидор ибтидо ба хотираи хуб аз сафар ба Теҳрон ва дидор бо мақоми муаззами раҳбарӣ пардохту ибрози умедворӣ кард, ки боз ҳам дар Теҳрон ҳозир шавад.
Подшоҳи Баҳрайн дар идома ба таъкиди Манома бар таваққуфи ҳар гуна ҷангу таҷовуз дар минтақа пардохт ва гуфт: Баҳрайн ба дунболи зиндагии иззатмандона барои тамоми мардуми минтақа аст.
Ироқчӣ ҳам дар ин дидор зимни ибрози ризоият аз дидор бо подшоҳи Баҳрайн, аз лузуми талошҳои ҷиддии кишварҳои минтақа барои таваққуфи ҷиноёту наслкушии режими саҳюнистӣ гуфт ва хостори тавсеаи равобити ду кишвар шуд.
Вазири умури хориҷаи Эрон дар ин дидор ҳамчунин ибрози умедворӣ кард, ки ба зудӣ аз подшоҳи Баҳрайн дар Теҳрон истиқбол кунад.