Номаи Эрон ба Шӯрои амният дар бораи изҳороти Байден
Сафир ва намояндаи доими Эрон дар Созмони Милали Муттаҳид дар номае ба изҳороти раисиҷумҳури Амрико перомуни иттилоъ аз замонбандии шарорати эҳтимолии режими Исроил зидди Теҳронро нигаронкунандаву таҳрикомез тавсиф кард.
Ҷо Байден, раисиҷумҳурии Амрико пештар дар посух ба пурсиши хабарнигорон дар Берлин дар бораи наҳваву замони посухи Исроил ба Эрон гуфт, иттилооте дар ин замина дорад, аммо ба ҷузиёти он ишорае накард.
Ба гузориши ИРНА, Амирсаиди Еравонӣ, сафир ва намояндаи доими Эрон дар СММ рӯзи душанбе ба вақти маҳаллӣ дар номае ба Антонио Гутерриш, дабири кулли Созмони Милал ва Паскал Кристиян, раиси Шӯрои амният, ба изҳороти Ҷо Байден, раисиҷумҳури Амрико дар бораи иттилоъ аз замону наҳваи шарорати эҳтимолии режими саҳюнистӣ зидди Теҳрон вокуниш нишон доду гуфт, изҳороти Байден ба шиддат нигаронкунандаву таҳрикомез аст, зеро нишондиҳандаи таъйиди зимнӣ ва ҳимояти ошкори Амрико аз таҷовузи низомии ғайриқонунии режими Исроил зидди Эрон аст.
Еравонӣ таъкид кард, чунин изҳороте ҳамчунин бо иддаоҳои мукаррари Вашингтон перомуни ҳимоят аз коҳиши таниш дар минтақа таноқуз дорад.