Ҷоизаи “Тоҷи Сомон” насиби филми тоҷикии тавлиди муштараки Тоҷикистон, Эрон ва Русия  
(last modified Tue, 22 Oct 2024 10:00:16 GMT )
Октябр 22, 2024 15:00 Asia/Dushanbe
  • Ҷоизаҳои эҳдоии синамоҷашнвораи байналмиллалии Душанбе – “Тоҷи Сомон”
    Ҷоизаҳои эҳдоии синамоҷашнвораи байналмиллалии Душанбе – “Тоҷи Сомон”

Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони ҷашнвораи синамоии “Тоҷи Сомон” таҳти шиори "Қадршиносии ҳунари асил" ҷамъбаст шуд.

Ба гузориши “Спутник”, имсол шоҳҷоизаи дуюми миллии “Тоҷи Сомон” ба Муҳиддин Музаффар барои филми “Моҳӣ дар шаст” эҳдо шуд.

Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони ин ҷашнвора дар “Кохи Суруш”-и шаҳри Душанбе баргузор шуд.

Филми мазкурро “Тоҷикфилм” ва “ДОВ-филм” якҷоя бо ширкати русии “Амкарт” ва ширкати телевизионии эронии “Ifilm” сохтаанд.

Муҳиддин Музаффар, коргардони филми “Моҳӣ дар шаст”

 

Ҷоизаҳои синамоҷашнвораи байналмиллалии Душанбе – “Тоҷи Сомон” ба филмҳои сохташудаи Тоҷикистон, Эрон, Узбакистон, Ҳиндустон, Русия ва Чин эҳдо шуд.

Шоҳҷоиза барои беҳтарин филми ҳунарӣ дар нахустин синамоҷашнвораи байналмиллалии Душанбе – “Тоҷи Сомон” ба филми “Роҳ” (Тоҷикистон) тақдим шуд. Ин ҷоизаи асосии ҷашнвора буд, ки Носир Саидов, коргардони филми “Роҳ” ва дигар ҳунармандони физми мазкур бо ифтихор ба даст гирифтанд.

"Азия-плюс" менависад: Ҷоизаи “Беҳтарин филми ҳунарии кӯтоҳ” дар ин ҷашнвора ба филми тоҷикии “Додараки фариштаҳо” ба коргардони филм Умедшо Мирзоширинов тақдим шуд.

Ҷоизаи “Беҳтарин нақши мардона” дар синамоҷашнвораи байналмиллалии Душанбе - “Тоҷи Сомон” ба Абдулмуъмин Шарифӣ ва Салоҳиддин Шукурзода - ду ҳунарманди асосии филми “Дов” (Тоҷикистон) тақдим шуд.

Тайи ду моҳи охир ин дуввумин ҷоизаи “Беҳтарин нақши мардона”-и ин ҳунарпешагони тоҷик аст. Онҳо дар моҳи сентябр ҳам айни ҷоизаро дар синамоҷашнвораи “Шарқу Ғарб” дар шаҳри Оренбурги Русия ба даст оварда буданд.

Ҷоизаи “Беҳтарин коргардон” ба ду нафар - Меҳдӣ Фард Қодирӣ, коргардони филми “Озурдагон” (Эрон) ва Татяна Колганова, коргардони филми “Аломати хушбахтии деромада” (Русия) эҳдо шуд.

Ҷоизаи “Беҳтарин коргардон” - Меҳдӣ Фард Қодирӣ ва Татяна Колганова

 

“Озурдагон” унвони савумин филми синамоии Фард Қодирӣ аст, ки аввалин намоиши ин филм дар бахши мусобиқаи Фестивали филми Шанхайи Чин сурат гирифт ва даҳ дақиқа ташвиқи истодаи тамошогаронро дар пай дошт.

Ойсанам Юсупова, ҳунарпешаи филми “Ӯзбекдухтар” (филми Ӯзбакистон) барандаи ҷоизаи “Беҳтарин нақши занона” дониста шуд.

Ба филми “Тулӯъи инқилоб” аз Ҳиндустон ҷоизаи “Таваҷҷӯҳи тамошобин” эҳдо гашт.

Тсао Юй барандаи ҷоизаи “Беҳтарин наворбардор” дониста шуд. Ӯ наворбардори филми “Риштаи умр” (Чин) аст.

Ҷоизаи махсуси шаҳрдори Душанбе дар синамоҷашнвораи байналмиллалии Душанбе – “Тоҷи Сомон” ба Сайрам Исоева тақдим гардид. Ҷоизаро духтари Сайрам Исоева қабул кард.

Синамоҷашнвораи якуми байналмилалии Душанбе - “Тоҷи Сомон” ба Рӯзи кинои тоҷик бахшида шуда, аз 15 то 19-уми октябр бо ибтикори Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” доир гардид.

 

Барчасп