Созмони ҳамкории исломӣ : Тадовуми ҷиноятҳои Исроили лаккаи нангӣ бар пешонии башарият аст
(last modified 2024-10-21T04:50:37+00:00 )
Октябр 21, 2024 09:50 Asia/Dushanbe
  • Созмони ҳамкории исломӣ : Тадовуми ҷиноятҳои Исроили лаккаи нангӣ бар пешонии башарият аст
    Созмони ҳамкории исломӣ : Тадовуми ҷиноятҳои Исроили лаккаи нангӣ бар пешонии башарият аст

Саҳоб - Созмони ҳамкории исломӣ дар вокуниш ба куштори ваҳшиёнаи режими саҳюнистӣ дар “ Beit Lahia“ тадовуми ҷиноятҳои ин режимро “ лаккаи нангӣ бар пешонии башарият “ тавсиф кард .

Режими саҳюнистӣ дар ҷадидтарин ҷинояти худ дар Фаластин , шанбе шаб  “ Beit Lahia“ шимоли Борикаи Ғазза-ро ҳадафи ҳамлаи ҳавоӣ қарор дод ки дар ҷараёни он 81 нафар шаҳид ва 100 нафар ҳам захмӣ шуданд .

Ба гузориши Ирно , Созмони ҳамкории исломӣ дар баёнияе бо маҳкӯм кардани куштори ваҳшиёнаи режими саҳюнистӣ дар  “ Beit Lahia“ , ин гӯна ҷиноётро наслкушӣ ва поксозии нажодӣ зидди мардуми Фаластин донисту таъктд кард , ин кушторҳо , нақзи ошкори тавофуқномаҳои байналмилалӣ , қатъномаҳои Созмони Милал ва аҳкоми Девони байналмилалии додгустарӣ аст .

 

 

 

 

Барчасп