Коҳиши айёми таътилии мактабҳо дар Тоҷикистон
(last modified Tue, 22 Oct 2024 09:16:19 GMT )
Октябр 22, 2024 14:16 Asia/Dushanbe
  • Тағйирот дар таътилоти хонандагони мактабҳо дар Тоҷикистон
    Тағйирот дар таътилоти хонандагони мактабҳо дар Тоҷикистон

Дар Тоҷикистон таътилот барои донишомӯзони мактабҳо тағйир кардааст.

Ба гузориши “Спутник”, ба нақл аз Вазорати маорифи Тоҷикистон, ҳамакнун донишомӯзон дар ин кишвар ба ҷои 10 рӯзи таътилот дар моҳи ноябр, 7 рӯз истироҳат хоҳанд кард.

Бар асоси гузориши Вазорати маорифи Тоҷикистон, ҳамчунин таътилии моҳи январ як ҳафтаву моҳи март панҷ рӯз муқаррар шудааст.

Таътилоти соли таҳсилӣ ба ин тартиб хоҳад буд:

Таътилоти ноябр: 7 рӯз (аз 1 ноябр то 7 ноябр) ;

Таътилоти январ: 7 рӯз (аз 1 январ то 7 январ);

Таътилоти март: 5 рӯз (аз 25 то 29 март).

Гуфтанӣ аст, тақвими омӯзишӣ ва мизони таътилот дар мактабҳои Тоҷикистон то соли 2016 ба ҳамин тартиб будааст ва ҳамакнун ба риволи гузашта бозгаштааст.

Вазорати маорифи Тоҷикистон далели ин тағйиротро баён накардааст.

 

Барчасп